ДУРАХШИ ИСТЕЪДОД ВА МАЪРИФАТ: ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» СОҲИБИ ҶОЙҲОИ НАМОЁН ГАРДИДАНД

ДУРАХШИ ИСТЕЪДОД ВА МАЪРИФАТ: ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» СОҲИБИ ҶОЙҲОИ НАМОЁН ГАРДИДАНД

Ҳафтаи сипаришуда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин чорабинии бошукуҳи фарҳангиву маърифатӣ донишҷӯёни Донишгоҳ бо маҳорати баланди китобхонӣ, донишу ҷаҳонбинии васеъ ва завқи баланди адабӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Аз ҷумла, 7 нафар донишҷӯи Донишгоҳ аз рӯйи се номинатсия - «Адабиёти классик», «Адабиёти муосир» ва «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо диплом ва мукофотпулии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур 11 нафар донишҷӯи Донишгоҳ аз рӯйи 4 номинатсия иштирок намуда, маҳорати худро нишон доданд.

Ин дастоварди назаррас бори дигар собит месозад, ки донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ дар баробари аз худ намудани донишҳои тахассусии тиббӣ ба китобу китобхонӣ, адабиёт ва ғанӣ гардонидани маънавиёти хеш таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Раёсат ва ҲПО-и Донишгоҳ ғолибонро бо ин дастоварди арзанда табрик намуда, ба онҳо дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун ва фаъолияти илмию эҷодӣ комёбиҳои нав орзу менамоянд.

Муовинати тарбия


31.10.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php