ДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ 7-УМИ ГӮШТИНИ МИЛЛӢ ФАЪОЛОНА ИШТИРОК НАМУДАНД
Санаи 5.04.2026 дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи 7-уми гӯштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳими варзишию фарҳангӣ 50 нафар донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ иштирок намуда, бо ҳузури зебо ва иштироки фаъолонаи худ ба маҳфил ҳусни тоза бахшиданд.
Иштироки донишҷӯдухтарон таҳти роҳбарии раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ Амонзода С. Б. ва мутахассиси шуъбаи тарбия Мирзоҷонова М. сурат гирифта, онҳо бо эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги тоҷикона дар ин ҳамоиши варзишӣ ҳузур пайдо карданд.
Мусобиқаи гӯштини миллӣ, ки яке аз суннатҳои қадимии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, дар баробари тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин барои таҳкими ҳисси худшиносӣ, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ ва муаррифии мақоми занону духтарон дар ҷомеа мусоидат менамояд. Ҳузури донишҷӯдухтарони донишгоҳ бо либосҳои миллӣ бозгӯи эҳтироми амиқи онҳо ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва саҳми фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Иштироки фаъолонаи намояндагони донишгоҳ дар чунин мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ аз таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, баланд бардоштани маърифати миллӣ ва ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон, ба чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ шаҳодат медиҳад.
Ин гуна чорабиниҳо барои боз ҳам таҳким бахшидани дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори миллӣ ва боло бурдани мақоми варзиш миёни ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА