ДУ ҶАШН, ЯК ПАЁМ: ПОСДОРИИ ЗАБОН ВА БУЗУРГДОШТИ ОМУЗГОР

ДУ ҶАШН, ЯК ПАЁМ: ПОСДОРИИ ЗАБОН ВА БУЗУРГДОШТИ ОМУЗГОР

Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон дар кафедраи рентгенология ва радиология бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ чорабинии тантанавию маърифатӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси омӯзгорони кафедра дар толори лексионӣ ташкил гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷик, инчунин таҳкими эҳтиром ба мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа буд.                   

Чорабиниро мудири кафедраи рентгенология ва радиология, номзади илмҳои тиб, дотсент Сайфиддинзода М. Б. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи омӯзгорон самимона табрику таҳният гуфтанд.         

Зимни суханронии худ Сайфиддинзода М. Б. доир ба нақш ва аҳаммияти забони давлатӣ дар таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ, мероси таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва суннатҳои фарҳангии халқи тоҷик ибрози назар намуданд.         

Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои асосии давлатдорӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди илму маориф ва тарбияи насли ҷавон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, омӯзиши амиқ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, истифодаи дурусти истилоҳоти илмӣ ва тиббӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи забондонӣ барои ҳар як донишҷӯ ва мутахассиси соҳаи тандурустӣ аҳаммияти хосса дорад.                                   

Ҳамзамон, дар рафти чорабинӣ ба мақому манзалати омӯзгор ва нақши арзандаи ӯ дар таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб ва рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.     Зикр гардид, ки омӯзгор дар баробари омӯзонидани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, ахлоқи ҳамида, масъулияти касбӣ, ҳисси инсонпарварӣ ва ватандӯстии донишҷӯён саҳми назаррас мегузорад. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайвастаи омӯзгорон мутахассисони соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва содиқ ба касби интихобкардаи худ ба камол мерасанд.                                                                        

Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин масъалаҳои марбут ба нақши забони давлатӣ дар низоми таҳсилоти олии тиббӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, идомаи анъанаҳои неки устодиву шогирдӣ ва зарурати такмили пайвастаи донишу малакаҳои касбии донишҷӯён мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.                     

Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ барои таҳкими робитаи устодону шогирдон, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву фарҳангӣ, тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанги миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.            Дар фарҷом, чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва самимӣ ҷамъбаст гардида, ҳамчун рамзи эҳтиром ба забони давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва заҳмати пуршарафи омӯзгорон арзёбӣ карда шуд.

Кафедраи рентгенология ва радиология


6
5
4
3
2
1
05.10.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php