ДОНИШГОҲ БА РЕЙТИНГИ БОНУФУЗИ ОСИЁИИ THE 2026 (РЕЙТИНГИ ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁИИ TIMES HIGHER EDUCATION БАРОИ СОЛИ 2026) ШОМИЛ ГАРДИД
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба як марҳилаи нави рушди байналмилалӣ қадам гузошт. Санаи 23 апрели соли 2026 ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ Times Higher Education (THE) расман донишгоҳро ба феҳристи рейтинги осиёии THE Asia University Rankings барои соли 2026 бо мақоми «Reporter» ворид намуд.
Мақоми «Reporter» нишон медиҳад, ки донишгоҳ бомуваффақият марҳилаи пешниҳоди маълумоти институтсионалиро гузашта, акнун дар пойгоҳи байналмилалии академии THE сабт гардидааст. Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки донишгоҳ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии рақобатпазир муаррифӣ шуда, дар баробари донишгоҳҳои пешсафи Осиё ҷойгоҳи худро тадриҷан таҳким бахшад.
Шомил гардидани донишгоҳ ба рейтинги мазкур на танҳо дастоварди муҳим, балки оғози марҳилаи нави рушд ба ҳисоб меравад. Роҳбарият ва ҳайати профессорону омузгорон тасмим доранд, ки дар солҳои наздик иқтидори илмӣ-тадқиқотиро боз ҳам тақвият бахшида, сифати таълим ва фаъолияти илмиро ба сатҳи баландтар бардоранд. Ҳадафи асосӣ ноил шудан ба ҷойгоҳи пурра дар рейтинг ва боло бурдани нуфузи донишгоҳ дар фазои байналмилалӣ мебошад.
Ин рӯйдод бори дигар нишон медиҳад, ки соҳаи таҳсилоти тиббии Тоҷикистон ба марҳилаи нави ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шуда, имкониятҳои нав барои рушди илм, табодули таҷриба ва ҷалби лоиҳаҳои байналмилалӣ фароҳам меоянд.