ДОНИШҶӮЁНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ БО МАҚСАДИ ОМУЗИШИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ОСОРХОНАИ МИЛЛИРО ТАМОШО НАМУДАНД

ДОНИШҶӮЁНИ ВАТАНИВУ ХОРИҶӢ БО МАҚСАДИ ОМУЗИШИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ОСОРХОНАИ МИЛЛИРО ТАМОШО НАМУДАНД

Бо супориши ректори Донишгоҳ ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати таърихӣ ва худшиносии миллӣ, донишҷӯёни ватаниву хориҷӣ ба тамошои мавзеъҳои фарҳангиву таърихӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар ин замина, санаи 4 майи соли 2026 донишҷӯёни курси 3-юми факултети тиббӣ, ки дар таркиби гурӯҳи онҳо донишҷӯёни ватанию хориҷӣ таҳсил менамоянд, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Сурия, Эрон, Судан ва Афғонистон, таҳти робарии омузгори кафедраи беҳдошт ва экология Ҷумъаева Маҳбуба ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Зимни боздид донишҷӯён бо таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ ва дастовардҳои даврони муосири давлатдории тоҷикон шинос шуданд. Ҳамчунин ба онҳо дар бораи марҳилаҳои муҳими рушди тамаддуни тоҷикон ва нақши он дар ташаккули фарҳанги ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ин гуна ташаббусҳо дар таҳкими дӯстӣ миёни донишҷӯёни кишварҳои гуногун, баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба фарҳанги миллӣ ва тақвияти арзишҳои шаҳрвандӣ саҳми назаррас мегузоранд.


06.05.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php