ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ АВВАЛИ МАҲФИЛИ “ЗАРИФОН” СОЗОВОРИ ҶОЙИ НАМОЁН ГАРДИДАНД
Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдоди ҷавон, тақвияти ҷаҳонбинии фарҳангии донишҷӯён ва баланд бардоштани маҳорати ҳунарӣ миёни ҷавонон даври аввали маҳфили зарифон баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ донишҷӯёни Донишгоҳ бо иштироки фаъолона ҳунару маҳорати худро нишон дода, сазовори ҷойи намоён гардиданд.
Иштирокчиёни маҳфил бо иҷрои саҳнаҳои ҳаҷвӣ, барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ, шеърхонӣ ва намоиши истеъдоди эҷодии худ тавонистанд диққати ҳайати ҳакамон ва ҳозиринро ҷалб намоянд. Ҳар як баромад бо мазмуни тарбиявӣ ва фарҳангӣ омода гардида, рӯҳияи болида ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро дар толор фароҳам овард.
Донишҷӯёни Донишгоҳ дар ин маҳфил бо омодагии хуб ва иҷрои ҳунармандонаи барномаҳои худ мавқеи намоён касб намуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳои баланд гирифтанд. Ин муваффақият нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳ ба рушди истеъдодҳои ҷавон ва дастгирии фаъолияти фарҳангии донишҷӯён ба ҳисоб меравад.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин маҳфилҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва тарбияи ҳисси зебоипарастии ҷавонон мусоидат намуда, дар ташаккули шахсияти ҳамаҷонибаи донишҷӯён нақши муҳим мегузорад.
Дастоварди донишҷӯёни Донишгоҳ дар даври аввали маҳфили “Зарифон” бозгӯи истеъдод, фаъолнокӣ ва шавқу ҳаваси онҳо ба фарҳангу ҳунар буда, умед аст, ки онҳо дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун низ бо натиҷаҳои арзанда баромад хоҳанд кард.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА