ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» РОҲХАТ ГИРИФТАНД

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БА ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» РОҲХАТ ГИРИФТАНД

Натиҷаҳои даври сеюми (шаҳрии) Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки аз 14 то 19 сентябри соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштироки фаъол ва натиҷаҳои назарраси донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро дар номинатсияи «Химия» нишон дод.

Аз рӯи натиҷаҳои даври шаҳрӣ се нафар донишҷӯёни Донишгоҳ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд:

1.     Бухориев Муродалӣ -донишҷӯи курси 3-юми факултети тиббӣ, бо 69 хол соҳиби ҷойи якум;

2.     Мастов Муҳаммад - донишҷӯи курси 2-юми факултети стоматологӣ, бо 66 хол соҳиби ҷойи дуюм;

3.     Мустафоев Музаффар - донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ, бо 63 хол соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба рушди тафаккури техникӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, рушди ихтироъкориву навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои ҷавон равона гардидааст.

Бо мақсади омодагии ҳамаҷонибаи донишҷӯёни роҳхатгирифта ба даври ҷумҳуриявии озмун, масъули ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) дар кафедра, дотсент Матвеев В.М., вазифадор карда шудааст, ки бо ғолибон корҳои омодагиро ба роҳ монда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва омодагии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир донишҷӯёни Донишгоҳ дар номинатсияи «Химия» дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Аз ҷумла, Бозоров А., Донов О., Муҳаммадиев М. ва Ғаниев Ғ. дар солҳои гузашта бо иштироки фаъол дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардидаанд.

Ин натиҷаҳо аз таваҷҷуҳи пайвастаи Донишгоҳ ба рушди истеъдодҳои ҷавон, баланд бардоштани сатҳи донишҳои табиию дақиқ ва тақвияти фаъолияти илмии донишҷӯён шаҳодат медиҳанд.

Роҳхат гирифтани се донишҷӯи Донишгоҳ ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм -фурӯғи маърифат» дастоварди муҳими илмӣ-маърифатӣ буда, барои онҳо дар марҳилаи минбаъдаи озмун масъулияти бештар ва имконияти нави муаррифии иқтидори зеҳнии ҷавонони Донишгоҳ фароҳам меорад.

 

Кафедраи химияи биоорганикӣ ва физколлоидӣ


21.09.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php