ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ - ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА МУҲОРИБАИ ОМЕХТА

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ ТИББӢ - ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА МУҲОРИБАИ ОМЕХТА

Аз 1 то 7 ноябри соли 2026 дар Гурҷистон Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи омехта баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ ва нишон додани маҳорати баланди варзишӣ байни ҳам рақобат намуданд.

Дар ин мусобиқа Ҷумҳурии Тоҷикистонро донишҷӯи курси сеюми факултети стоматологии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Қурбоналиев Парвизшоҳ намояндагӣ карда, дар вазни 74 кг маҳорати баланди варзишӣ нишон дод. Ӯ дар рақобатҳо бар варзишгарони кишварҳои мизбон - Гурҷистон, инчунин Русия ва Арманистон ғолиб омада, дар натиҷаи ҳунарнамоии арзанда сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷии чемпионати ҷаҳон гардид.

Қобили зикр аст, ки Парвизшоҳ Қурбоналиев соли 2025 низ дар ин мусобиқа ба натиҷаи назаррас ноил гардида, унвони ҷоизадори чемпионати ҷаҳонро соҳиб шуда буд. Муваффақияти навбатии ӯ бори дигар аз истеъдод, иродаи қавӣ, омодагии ҷисмонӣ ва маҳорати баланди варзишии донишҷӯи донишгоҳ шаҳодат медиҳад.

Раёсат, Иттиифоқи касабаи кормандону донишҷӯён ва садорати факултети стоматологӣ Парвизшоҳ Қурбоналиевро ба муносибати ин дастоварди арзандаи варзишӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар роҳи расидан ба қуллаҳои нави варзишӣ, ба даст овардани ғалабаҳои минбаъда ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ барору комёбиҳо орзу менамояд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


10.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php