ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ  «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

Санаи 06 апрели соли 2026 дар Донишгоҳ даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти роҳбарии декани факултети тиббӣ – доктори илмҳои тиб, профессор Саидзода Б.И. оғоз гардид. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи фанҳои биология ва география баргузор шуда, дар он донишҷӯён бо сатҳи баланди омодагӣ иштирок намуданд.

Санаи 08 апрел озмун аз рӯи номинатсияи химия идома ёфта, санаи 10 апрел бошад, аз рӯи номинатсияҳои информатика, физика ва математика ҷамъбаст гардид.

Бояд зикр намуд, ки ҳадафи асосии баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад. Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, қобилияту маҳорати худро муаррифӣ карданд.

Дар фарҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли даври якум барои иштирок дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун пешниҳод гардиданд.

 

САДОРАТИ ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ


11.04.2026 62

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php