ДАСТОВАРДИ НАВИ ОЛИМАИ ҶАВОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИХТИРООТ

ДАСТОВАРДИ НАВИ ОЛИМАИ ҶАВОН ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИХТИРООТ

Холқизода Омина Умархон, ходими калони илмии шуъбаи илмию тадқиқотии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ, дар Форуми байналмилалии ихтироот ва навовариҳо ба дастоварди арзандаи илмӣ ноил гардид.

Дар шаҳри Гуанҷои Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзҳои 21-23 августи соли 2026 Форуми байналмилалӣ ва намоишгоҳи ихтироот таҳти унвони «12th International Exhibition of Inventions» баргузор гардид, ки дар он ихтироъкорон, олимон, муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмию таҳқиқотии кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии байналмилалии илмӣ дастовардҳои олимону ихтироъкорон дар самти таҳқиқоти илмӣ, навовариҳо ва ихтирооти дорои аҳамияти амалӣ муаррифӣ гардида, корҳои илмии пешниҳодшуда аз ҷониби ҳайати ҳакамони байналмилалӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд.

Дар форуми мазкур Тоҷикистонро аз ҷумла Холқизода Омина Умархон, ходими калони илмии шуъбаи илмию тадқиқотии Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, намояндагӣ намуд.

Иштироки олимони ҷавони тоҷик дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ барои муаррифии иқтидори илмӣ, таҳқиқотӣ ва навоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад. Хусусан, иштироки кормандони муассисаҳои илмии Донишгоҳ дар чунин ҳамоишҳо ба таҳкими робитаҳои байналмилалии илмӣ, табодули таҷриба ва муаррифии натиҷаҳои таҳқиқоти олимони тоҷик мусоидат менамояд.

Боиси ифтихор аст, ки Холқизода Омина Умархон дар натиҷаи иштирок дар Форуми байналмилалии ихтироот ба медали нуқра сазовор гардид. Ҳамзамон, дастоварди илмии ӯ аз ҷониби «Indonesia Invention and Innovation Promotion Association» баҳои баланд гирифта, ба олим медали тилло тақдим карда шуд.

Ин муваффақият далели он аст, ки таҳқиқоти илмии олимони ҷавони тоҷик, бахусус муҳаққиқони соҳаи тиб, дар сатҳи байналмилалӣ низ арзёбии баланд пайдо мекунанд. Сазовор шудан ба ду ҷоизаи муҳим дар як чорабинии байналмилалӣ барои корманди Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ на танҳо дастоварди шахсии муҳаққиқ, балки мояи ифтихори Донишгоҳ ва илми тибби тоҷик мебошад.

Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ ҳамчун яке аз сохторҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ дар солҳои охир ба рушди корҳои илмӣ, дастгирии муҳаққиқони ҷавон, ҷалби олимон ба таҳқиқоти муосир ва муаррифии натиҷаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Дастоварди навбатии Холқизода Омина Умархон низ метавонад намунаи равшани самаранокии ин иқдомҳо ва имкониятҳои фароҳамомада барои рушди иқтидори илмии ҷавонон бошад.

Боиси зикр аст, ки чунин пирӯзиҳо дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хос доранд. Зеро дастовардҳои олимону муҳаққиқони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз нишондиҳандаҳои рушди илму маориф, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва болоравии нуфузи илмии кишвар ба ҳисоб мераванд.

Раёсат ва ҷомеаи илмии Донишгоҳ Холқизода Омина Умархонро ба муносибати ин дастоварди арзандаи байналмилалӣ самимона табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ муваффақиятҳои нав орзу менамоянд.

Пирӯзиҳои олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ - ифтихори миллат ва бозгӯи иқтидори илмии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


01.09.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php