ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДТТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»
Санаи 9 июни соли 2026 дар МДТ “Литсейи Умари Хайём” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар чорабинӣ раиси комиссияи даври дуюми озмун, муовини раиси ноҳияи Сино Сафарализода С.С., инчунин ғолибону иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар озмуни мазкур аз рӯйи чор номинатсия фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар маҷмуъ, 12 нафар донишҷӯи Донишгоҳ бо ишғоли ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм сазовори диплом ва мукофотпулӣ гардиданд.
Муваффақияти донишҷӯён дар ин озмуни бонуфуз нишондиҳандаи сатҳи баланди дониш, ҷаҳонбинии фарҳангӣ ва таваҷҷуҳи онҳо ба китобхонӣ ва омӯзиши мероси адабии миллӣ мебошад. Раёсати Донишгоҳ ғолибонро бо ин дастоварди арзанда табрик намуда, дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун барояшон комёбиҳои бештар орзу менамояд.
Муовинати тарбия