ДАСТОВАРДҲОИ МУОСИРИ СТОМАТОЛОГИЯ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН

ДАСТОВАРДҲОИ МУОСИРИ СТОМАТОЛОГИЯ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН

Дар доираи чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангии бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Дастовардҳои муосири стоматология ва дурнамои рушди он» баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳ ва бо ташаббуси факултети стоматология ва кафедраҳои зертобеи он ташкил ва баргузор гардида, ба баррасии масъалаҳои мубрами стоматологияи муосир, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, таҷрибаи клиникӣ ва дурнамои рушди соҳаи стоматология бахшида шуд.

Дар қисми пленарии конференсия як қатор масъалаҳои муҳими илмию амалии соҳаи стоматология мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар гузоришҳо масъалаҳои муосири табобати беморон бо истифода аз имплантатҳои дандонӣ ва омилҳои хавфи марбут ба онҳо, таҳлили басомади муроҷиати беморони дорои нуқсонҳои модарзодии шикофи лабу ком дар шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи ҷоғу рӯй, таъсири камхунӣ ба ҷараёни ларингити атрофикӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳаи тиб ва стоматология мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки рушди босуръати технологияҳои муосири тиббӣ, истифодаи усулҳои нави ташхису табобат, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва такмили таҷрибаи клиникӣ барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии стоматологӣ заминаи муҳим фароҳам меоранд. Дар ин замина, таҳқиқоти илмӣ ва мубодилаи таҷрибаи мутахассисон ҳамчун омили муҳими такмили минбаъдаи соҳа арзёбӣ гардид.

Пас аз анҷоми бахши пленарӣ кори конференсия дар бахшҳои алоҳида идома ёфт. Дар бахшҳо муҳаққиқон, омӯзгорон, табибон, мутахассисони соҳа ва дигар иштирокчиён натиҷаҳои таҳқиқоти илмии худро муаррифӣ намуда, масъалаҳои гуногуни марбут ба стоматологияи муосир, ҷарроҳии ҷоғу рӯй, ташхису табобати бемориҳои стоматологӣ ва дигар самтҳои ба соҳа алоқамандро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар рафти муҳокимаҳо доир ба масъалаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён андеша ва пешниҳодҳои худро вобаста ба такмили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи усулҳои навини табобат ва рушди минбаъдаи соҳаи стоматология баён намуданд.

Конференсия бо натиҷагирӣ аз масъалаҳои баррасишуда ва пешниҳоди хулосаҳои назаррас ба кори худ анҷом бахшид. Таъкид гардид, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои густариши ҳамкориҳои касбӣ, мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва амалии мутахассисон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ аҳамияти муҳим дорад.

Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Дастовардҳои муосири стоматология ва дурнамои рушди он» бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба рушди илми тиб, таҳкими заминаҳои илмӣ-таълимӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири тибби ҷаҳонӣ дар амалияи клиникӣ мебошад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА

 


5
4
3
2
1
25.09.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php