ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРАИ БЕМОРИҲОИ ДАРУНИИ №2 - САҲМИ АРЗАНДА ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду такомул ворид гардида, бо дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат барои пешрафти илму маориф, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди таҳқиқоти илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ба яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои соҳаи тандурустӣ ва рушди илм табдил ёфтаанд.
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон бо қаноатмандӣ иброз намуд, ки кафедраи бемориҳои дарунии №2 низ дар ин давра ба натиҷаҳои назарраси таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ ноил гардида, дар рушди илми тиб ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир саҳми арзанда мегузорад.
Самти асосии фаъолияти кафедра ба баланд бардоштани сифати таълим, рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири тиб дар раванди таълим ва тарбияи табибони оянда равона шудааст. Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра ҳамеша барои такмили малакаи касбӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия фаъолияти босамар доранд.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои кафедра дар солҳои охир рушди назарраси фаъолияти илмӣ мебошад. Дар ин давра аз ҷониби ҳайати омӯзгорону муҳаққиқони кафедра як рисолаи докторӣ ва чандин рисолаи номзадӣ бомуваффақият ҳимоя гардида, ба рушди мактаби илмии кафедра ва таҳкими неруи илмии Донишгоҳ мусоидат намуданд. Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки дар кафедра муҳити солими илмӣ ташаккул ёфта, барои тайёр намудани олимони ҷавон ва рушди тадқиқоти илмӣ заминаи устувор муҳайё мебошад.
Самаранокии фаъолияти илмии кафедра дар шумораи зиёди таълифоти илмӣ низ инъикос меёбад. Дар давоми солҳои охир зиёда аз 150 таълифоти илмӣ омода ва нашр гардидааст. Аз ин шумора 25 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба табъ расида, 125 фишурдаи илмӣ дар конференсияҳо ва форумҳои илмии дохиливу хориҷӣ пешниҳод шудаанд. Ин натиҷаҳо аз иштироки фаъолонаи омӯзгорон дар фазои илмии байналмилалӣ ва саҳми онҳо дар рушди илмҳои тиббӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар баробари фаъолияти илмӣ, ҳайати омӯзгорони кафедра ба таҳияи адабиёти таълимӣ низ диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Дар солҳои охир 30 маводи таълимӣ таҳия ва нашр гардидааст, ки аз ҷумла 2 китоби дарсӣ, 8 дастури таълимӣ ва 2 дастурамали таълимӣ-методӣ бо се забон мебошанд. Ин маводҳо дар баланд бардоштани сифати таълим, мутобиқ намудани раванди омӯзиш ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва таъмини донишҷӯён бо адабиёти зарурӣ нақши муҳим доранд.
Боиси ифтихор аст, ки дар кафедра ба фаъолияти илмии донишҷӯён низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Зери роҳбарии омӯзгорони кафедра ду нафар донишҷӯ дар конференсияи байналмилалии ҷавонон ширкат варзида, сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардиданд. Ин дастовардҳо далели он мебошанд, ки дар кафедра барои рушди қобилияти илмии донишҷӯён, ҷалби онҳо ба корҳои тадқиқотӣ ва ташаккули тафаккури илмӣ муҳити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дастовардҳои ҳайати омӯзгорон низ пайваста мавриди қадрдонӣ қарор мегиранд. Аз ҷумла, ассистенти кафедра Шарифбоев А. Ҳ. дар озмуни «Беҳтарин мақола» сазовори ҷойи дуюм гардида, маҳорати баланди илмӣ ва эҷодии худро собит намуд. Ин муваффақият боз як далели сатҳи баланди фаъолияти илмии омӯзгорони кафедра мебошад.
Имрӯз кафедраи бемориҳои дарунии №2 бо истифода аз усулҳои муосири таълим, рушди корҳои илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва омодасозии табибони соҳибкасб фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ мондааст. Ҳамаи ин дастовардҳо маҳсули сиёсати созандаи давлат дар соҳаи илму маориф ва самараи фазои сулҳу субот ва истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Дар остонаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедраи бемориҳои дарунии №2 бо ҳисси баланди масъулият фаъолияти худро баҳри рушди минбаъдаи илми тиб, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тарбияи мутахассисони соҳибмаҳорат идома дода, барои пешрафти Донишгоҳ ва низоми тандурустии кишвар саҳми боз ҳам арзишманд мегузоранд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА