ДАСТГИРИИ ИҶТИМОӢ ДАР АРАФАИ ИД
Бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳ ва Иттифоқи касабаи кормандон дар арафаи иди саиди Қурбон ба 130 нафар кормандони бахши хоҷагидорӣ кӯмаки иҷтимоӣ расонида шуд.
Дар доираи ин иқдоми хайрхоҳона ба кормандон маводи ниёзи аввалия, аз ҷумла орд ва равған тақдим гардид. Масъулин зимни суҳбат бо кормандон таъкид намуданд, ки дастгирии иҷтимоии кормандон, бахусус қишри заҳматкаш ва саҳмгузор дар ободиву тозагии муассиса, ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарият қарор дорад.
Қайд гардид, ки чунин иқдомҳои инсонпарварона дар арафаи идҳои миллӣ ва динӣ ба хотири баланд бардоштани рӯҳияи кормандон, таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва арҷгузорӣ ба меҳнати содиқонаи онҳо роҳандозӣ мегарданд.
Кормандони бахши хоҷагидорӣ барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Раёсат ва Иттифоқи касабаи кормандон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дастгириҳои пайваста онҳоро барои фаъолияти боз ҳам самаранок рӯҳбаланд месозад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА