ДАСТАИ ВОЛЕЙБОЛИ БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГАРДИД

ДАСТАИ ВОЛЕЙБОЛИ БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ГАРДИД

Дар даври ҷамъбастии мусобиқаи волейбол байни бонувон, ки миёни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид, дастаи бонувони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, сазовори ҷойи аввал ва унвони ғолиби мусобиқа гардид.

Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастӣ, ҷойи дуюм насиби дастаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва ҷойи сеюм насиби дастаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гардид.

Ин дастоварди назаррас самараи заҳмату талош, омодагии ҳамаҷониба, иродаи қавӣ, маҳорати варзишӣ ва рӯҳияи дастаҷамъонаи бонувони варзишгари Донишгоҳ буда, бори дигар нишон медиҳад, ки занону духтарони донишгоҳ дар баробари фаъолияти илмию таълимӣ ва ҷамъиятӣ дар рушди соҳаи варзиш низ саҳми арзанда мегузоранд.

Раёсати Донишгоҳ, Шурои занону духтарон ва Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ дастаи ғолиб ва мураббиёни онро ба муносибати ин дастоварди шоиста самимона табрик намуда, ба ҳар як узви даста барои нишон додани маҳорати баланд, матонат, иродаи қавӣ ва ҳимояи шарафи Донишгоҳ изҳори сипос менамоянд.

Ба бонувони варзишгари Донишгоҳ дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нав, саломатии бардавом, неруи тоза, рӯҳияи шикастнопазир ва пирӯзиҳои боз ҳам бештарро таманно дорем. Бигзор ин ғалаба оғози дастовардҳои нави варзишӣ ва мояи ифтихори тамоми аҳли Донишгоҳ бошад!

ШУЪБАИ ИТТИЛОТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


18.11.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php