ДАСТАИ ҲУНАРИИ ‘ШИФО’ - МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГ ВА ИСТЕЪДОДИ ДОНИШГОҲ
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати ҷомеа масъалаи ҳифз ва муаррифии фарҳанги миллӣ аҳамияти махсус касб менамояд. Маҳз фарҳанг ва ҳунар аз ҷумлаи муҳимтарин василаҳое мебошанд, ки метавонанд рӯҳи худшиносӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои маънавии ҷомеаро дар қалби ҷавонон бедор созанд. Дар ин раванд муассисаҳои таҳсилоти олӣ на танҳо маркази донишандӯзӣ, балки макони парвариши маънавият, фарҳанг ва истеъдодҳои ҷавон низ ба шумор мераванд. Яке аз чунин намунаҳои барҷаста дар муҳити донишгоҳӣ дастаи ҳунарии «Шифо» мебошад, ки дар назди шуъбаи идеология ва фарҳанги донишгоҳ фаъолият менамояд.
Дастаи ҳунарии «Шифо» дар муддати фаъолияти худ ба яке аз неруҳои фаъоли фарҳангии донишгоҳ табдил ёфтааст. Ин даста бо ҳунару маҳорати баланди аъзои худ дар тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, арзишҳои маънавӣ ва анъанаҳои неки халқ саҳми назаррас мегузорад. Фаъолияти даста на танҳо ба доираи чорабиниҳои дохилидонишгоҳӣ маҳдуд мегардад, балки аъзои он дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва сиёсӣ дар сатҳи ноҳия ва шаҳри Душанбе низ иштироки фаъолона дошта, фарҳанги донишгоҳ ва неруи эҷодии ҷавонони онро муаррифӣ менамоянд.
Роҳбарии дастаи ҳунарии «Шифо»-ро шахсияти фарҳангӣ, омузгори ҳунар ва ташаббускори фаъол Файзов Эмомалӣ Миралиевич ба уҳда дорад. Бо талош ва роҳнамоии ӯ даста тавонистааст муҳити созандаи эҷодиро ба вуҷуд оварад, ки дар он донишҷӯён имкони ошкор намудани истеъдод ва рушди қобилиятҳои ҳунарии худро пайдо мекунанд. Маҳз меҳнату заҳмати роҳбар ва шавқу ҳаваси аъзои даста боис гардидааст, ки «Шифо» имрӯз ба яке аз дастаҳои фаъол ва маъруфи ҳунарии муҳити донишгоҳӣ табдил ёбад.
Яке аз хусусиятҳои муҳими дастаи «Шифо» гуногунрангии ҳайати иштирокдорони он мебошад. Дар ин даста на танҳо донишҷӯёни ватании донишгоҳ, балки донишҷӯёни хориҷӣ низ фаъолона иштирок мекунанд. Ин омезиши фарҳангҳо фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории фарҳангиро ба вуҷуд меорад. Ҳар як баромади онҳо нишон медиҳад, ки фарҳанг метавонад забони умумии дӯстӣ ва ҳамбастагии ҷавонони миллатҳои гуногун бошад.
Барномаҳои ҳунарии дастаи «Шифо» аз суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсу саҳнаҳои фарҳангӣ, композитсияҳои адабӣ ва дигар намоишҳои эҷодӣ иборат буда, дар онҳо арзишҳои миллӣ, эҳсоси ифтихор аз Ватан, эҳтиром ба фарҳанги аҷдодӣ ва муҳаббат ба халқу сарзамин таҷассум меёбанд. Маҳз ҳамин мазмуну муҳтаво баромадҳои онҳоро пурмазмун ва таъсирбахш мегардонад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки аксари чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии донишгоҳ маҳз бо иштироки дастаи ҳунарии «Шифо» рангу ҷилои хоса пайдо мекунанд. Баромадҳои онҳо фазои идона ва руҳияи болидаро ба вуҷуд оварда, иштирокчиёнро ба эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои ҷавонон водор месозанд. Ин даста дар асл ба як пули маънавӣ табдил ёфтааст, ки дониш, фарҳанг ва ҳунарро ба ҳам мепайвандад.
Фаъолияти чунин дастаҳои ҳунарӣ дар муҳити донишгоҳӣ аҳамияти тарбиявии бузург дорад. Онҳо ба ҷавонон имконият медиҳанд, ки истеъдоди худро рушд диҳанд, дар баробари таҳсил дар корҳои фарҳангӣ иштирок намоянд ва шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфтаро ташаккул диҳанд. Ин раванд дар тарбияи насли худогоҳ, ватандӯст ва фарҳангдӯст нақши муҳим мебозад.
Имрӯз дастаи ҳунарии «Шифо» на танҳо як гурӯҳи эҷодии донишгоҳ, балки муаррифгари фарҳанг, истеъдод ва неруи эҷодии ҷавонони он маҳсуб меёбад. Бо ҳар як баромади худ аъзои даста нишон медиҳанд, ки донишҷӯи муосир метавонад ҳамзамон ҳам донишманд ва ҳам ҳунарманд бошад. Онҳо бо ҳунари худ фазои фарҳангии донишгоҳро ғанӣ гардонда, дар баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи муассиса саҳми арзанда мегузоранд.
Бешубҳа, дар оянда низ дастаи ҳунарии «Шифо» фаъолияти худро бо ҳамин рӯҳияи эҷодкорӣ идома дода, бо барномаҳои наву ҷолиб дар тарғиби фарҳанги миллӣ, муаррифии истеъдоди ҷавонон ва таҳкими фазои фарҳангии ҷомеа саҳми боз ҳам бештар хоҳад гузошт. Ҳунари онҳо на танҳо шодию илҳом мебахшад, балки дар қалби ҳар бинанда эҳсоси муҳаббат ба фарҳанг, миллат ва Ватанро бедор месозад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА