ДАРСИ ЗИНДАИ ТАЪРИХ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

ДАРСИ ЗИНДАИ ТАЪРИХ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Санаи 06.04.2026 ҳайати кормандони кафедраи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тиб, дар ҳамбастагӣ бо донишҷӯёни курси 1, гурӯҳи якуми кураторӣ, ба мақсади баланд бардоштани маърифати таърихиву фарҳангӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ба боздиди омузишӣ аз ёдгории нодири таърихии Қалъаи Ҳисор сафар намуданд.

Зимни ин боздид донишҷӯён бо яке аз қадимтарин ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик - Қалъаи Ҳисор, ки таърихи беш аз 3000-сола дорад, аз наздик шинос шуданд. Ба иштирокчиён оид ба нақши ин макони бостонӣ дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Аз ҷумла, тамошои дарвозаи бузурги қалъа, мадрасаҳои таърихӣ, масҷид ва осорхонаи дохили он барои донишҷӯён имконияти хуб фароҳам овард, то бо тарзи зиндагӣ, фарҳанг ва анъанаҳои гузаштагони хеш амиқтар ошно гарданд.

Қайд гардид, ки чунин боздидҳои омузишӣ барои ғанӣ гардонидани донишҳои назариявии донишҷӯён бо таҷрибаи амалӣ заминаи мусоид фароҳам месозанд. Омузгорон дар назди ҳар як объекти таърихӣ ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳоти муфассал дода, ба саволҳои онҳо посух гуфтанд. Ин раванд ба беҳтар дарк намудани маводи таълимӣ, таҳкими хотира ва рушди тафаккури таҳлилӣ мусоидат намуд.

Ҳамзамон, дар ҷараёни сафар миёни омузгорон ва донишҷӯён фазои озоди муошират ва мубодилаи афкор ба вуҷуд омада, барои рушди малакаҳои иҷтимоӣ, кор дар гурӯҳ ва эҳтиром ба андешаи ҳамдигар шароити мусоид фароҳам овард. Донишҷӯён инчунин аз рафти боздид аксҳо ва наворҳо омода намуда, тасмим гирифтанд, ки онҳоро дар шакли презентатсия ва гузоришҳои таҳлилӣ пешниҳод намоянд.

Дар фарҷоми сафар ҷамъбасти кӯтоҳи омузишӣ баргузор гардида, донишҷӯён таассуроти худро аз ин боздиди фарҳангӣ ва таърихӣ баён карданд. Зикр шуд, ки чунин чорабиниҳо дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, эҳтиром ба мероси миллӣ, рушди фикрронии мустақил ва баланд гардидани шавқу рағбат ба омузиши таърих нақши муассир доранд.

Боздид аз Қалъаи Ҳисор бори дигар собит сохт, ки омузиши таърих дар фазои воқеӣ барои донишҷӯён ҳамчун «дарси зиндаи таърих» аҳамияти бузурги таълимӣ ва тарбиявӣ дошта, дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани ҷавонон саҳми арзанда мегузорад.

Кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва

омори тиббӣ бо курси таърихи тиб


10.04.2026 51

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php