ДАР МАСИРИ ИЛМ ВА ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОН (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)
Нақши олимону омӯзгороне, ки тамоми умри худро ба рушди илму маориф ва тарбияи мутахассисони соҳибкасб бахшидаанд, дар таърихи ҳар як миллат бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Дар миёни чунин шахсиятҳои соҳибэҳтироми илми тоҷик профессор Шерматов Дӯстназар мақоми хос дорад. Ӯ аз ҷумлаи олимоне мебошад, ки фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва роҳбарии худро беш аз панҷ даҳсола ба рушди илми физика, таҳкими таълими тиббӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос бахшидааст.
Шерматов Дӯстназар соли 1947 таваллуд шудааст. Пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёна фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Шаҳритуз оғоз намуда, аз ҳамон давра муҳаббати худро ба касби омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас нишон дод. Аммо шавқи беандоза ба илм ӯро ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) овард, ки онро соли 1972 бомуваффақият хатм намуд.
Баъди хатми донишгоҳ фаъолияти ӯ бо муҳити илмӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кард. Солҳои 1972-1979 дар кафедраи физикаи ҳастаии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти калон ва муҳандис фаъолият намуда, ҳамзамон ба корҳои илмӣ машғул гардид. Ин марҳила барои ташаккули ҷаҳонбинии илмии ӯ аҳаммияти бузург дошта, заминаи таҳқиқоти минбаъдаашро фароҳам овард.
Дар солҳои 1979-1984 таҳсил дар аспирантура ва фаъолияти илмӣ ҳамчун ходими калони илмии кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт барои ташаккули ӯ ҳамчун муҳаққиқи мустақил мусоидат намуд. Натиҷаи ин заҳматҳои илмӣ баъдан дар рисолаҳо, мақолаҳои илмӣ ва таҳқиқоти фундаменталӣ таҷассум ёфт.
Бо оғози фаъолият дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино марҳилаи нави зиндагии илмӣ ва омӯзгории ӯ оғоз гардид. Ӯ дар кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо информатика ҳамчун муаллим, баъдан дотсент, мудири кафедра ва имрӯз ҳамчун профессори ҳамин кафедра фаъолият намуда, дар таълими фанҳои физикаи тиббӣ ва истифодаи технологияҳои муосири таълим саҳми арзанда гузоштааст.
Профессор Шерматов Д. аз ҷумлаи нахустин олимони соҳаест, ки аҳамияти истифодаи донишҳои физикаро дар тибби муосир дуруст дарк намуда, барои мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи рушди техника ва технологияҳои тиббӣ саҳми назаррас гузошт. Бо ташаббуси ӯ мазмуну муҳтавои як қатор фанҳои таълимӣ таҷдид гардида, усулҳои нави омӯзиш ба ҷараёни таълим ворид шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ӯ омода намудани адабиёти таълимӣ мебошад. Ӯ муаллифи чандин китобҳои дарсӣ, монография ва зиёда аз 30 дастури таълимӣ-методӣ буда, ин осор имрӯз низ барои донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамчун манбаи боэътимоди омӯзиш истифода мешаванд. Осори илмии профессор Шерматов Д. бо забони равон, муҳтавои илмӣ ва мутобиқати онҳо ба талаботи таълими муосир фарқ мекунанд.
Фаъолияти илмии профессор Шерматов Д. бо ҳимояи рисолаи докторӣ дар соли 2002 ба сатҳи нав расид. Ҳамон сол ӯ соҳиби дараҷаи доктори илмҳои физика гардида, соли 2003 ба унвони илмии профессор сарфароз шуд. Таҳқиқоти илмии ӯ асосан ба масъалаҳои физикаи ҷисмҳои сахт, физикаи тиббӣ ва истифодаи усулҳои физикӣ дар омӯзиши равандҳои биологӣ бахшида шудаанд. Таҳти роҳбарии ӯ чандин рисолаҳои номзадӣ ҳимоя гардиданд.
Эътирофи фаъолияти илмии ӯ танҳо дар доираи Тоҷикистон маҳдуд намондааст. Ӯ узви ҳақиқии Академияи байналмилалии ихтирооти илмӣ ва ҳамчунин узви ҳақиқии Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия мебошад. Ин узвиятҳо аз мақоми баланди илмӣ ва эътирофи корҳои таҳқиқотии ӯ дар арсаи байналмилалӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар баробари фаъолияти омӯзгориву илмӣ, профессор Шерматов Д. дар корҳои ташкилию идоракунӣ низ саҳми арзанда гузоштааст. Солҳои 1987-2006 ӯ ҳамзамон ба ҳайси ҷонишини декани факултетҳои педиатрӣ ва тибби умумӣ фаъолият намуда, инчунин вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявиро бар уҳда дошт. Дар ин вазифаҳо ӯ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҷӯён, таҳкими интизоми таълимӣ ва рушди муҳити солими донишгоҳӣ корҳои назаррасро анҷом дод.
Ҳамкасбон профессор Шерматов Дӯстназарро ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, омӯзгори серталаб ва инсони хоксору некбин мешиносанд. Даҳҳо омӯзгорону муҳаққиқоне, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии ҷумҳурӣ фаъолият доранд, худро аз шогирдони мактаби илмии ӯ медонанд. Барои ӯ омӯзгорӣ танҳо касб нест, балки рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти маънавӣ дар назди ҷомеа мебошад.
Хизматҳои бисёрсолаи ӯ аз ҷониби давлат низ қадрдонӣ гардидаанд. Соли 1997 ба ӯ унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд. Ин қадрдонӣ натиҷаи фаъолияти пурсамар дар рушди илму маориф, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва саҳмгузорӣ дар такмили низоми таҳсилоти олии кишвар мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардид, профессор Шерматов Дӯстназар низ дар татбиқи ин сиёсат саҳми муносиб гузошт. Бо таҳияи китобҳои дарсӣ, такмили барномаҳои таълимӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти илмии донишгоҳ ӯ ба рушди неруи зеҳнии кишвар мусоидат намуд.
Имрӯз, дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти пурмаҳсули профессор Шерматов Дӯстназар намунаи равшани хизмат ба илм, маориф ва ҷомеа мебошад. Ӯ аз зумраи олимонест, ки бо меҳнати содиқона, ҷаҳонбинии илмӣ ва садоқат ба касб барои рушду пешрафти таҳсилоти олии кишвар саҳми арзишманд гузошта, дар тарбияи ҳазорҳо мутахассиси соҳаи тиб нақши муассир бозидааст.
Номи профессор Шерматов Дӯстназар ҳамчун омӯзгори асил, физик-донишманд, муҳаққиқи соҳибмактаб ва тарбиятгари наслҳои зиёди мутахассисон дар саҳифаҳои таърихи илму маорифи Тоҷикистон бо эҳтиром ва ифтихор боқӣ хоҳад монд. Мероси илмӣ ва омӯзгории ӯ барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун намунаи садоқат ба илм, меҳнат ва Ватан хизмат хоҳад кард. Ба устоди гиромӣ ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро табрику муборакбод намуда, саломатии бардавом ва хушбахтии рӯзгорро таманно менамоем.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА