ДАР КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ РӮЗИ МОДАР ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

ДАР КАФЕДРАИ ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ РӮЗИ МОДАР ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

Дар кафедраи физиологияи патологӣ бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳайати профессорону омузгорон, кормандон ва донишҷӯёни кафедра иштирок намуда, аз нақши бузурги модар дар тарбия, илм ва ҷомеа ёдовар шуданд.

Чорабиниро мудири кафедра, дотсент Қурбонбековак П. Қ. ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни пурифтихор табрик гуфт. Қайд гардид, ки модар рамзи муҳаббат, садоқат ва сарчашмаи асосии тарбия мебошад. Маҳз бо меҳру муҳаббати модар наслҳои нав ба камол расида, барои рушду пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон занон ва модарон на танҳо ҳамчун тарбиятгарони фарзандон, балки ҳамчун олимон, табибон ва мутахассисони варзида дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолона саҳм мегузоранд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва баромадҳои пурмуҳтаво ҳунарнамоӣ намуда, дар васфи модар шеърҳо қироат карданд. Онҳо нақши модарро ҳамчун чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва илҳомбахши инсон дар зиндагӣ ситоиш намуданд. Ҳамзамон донишҷӯён бо суханони самимӣ омузгорзанони кафедраро табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав дар фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ таманно карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки гиромидошти модар ва эҳтироми зан яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Чунин чорабиниҳо барои боло бурдани эҳтиром нисбат ба модар, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба нақши зан дар ҷомеа мусоидат менамоянд.

Кафедраи физиологияи патологӣ


06.03.2026 42

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php