ДАР КАФЕДРАИ ДЕРМАТОВЕНЕРОЛОГИЯ ЛЕКСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРОИ ОРДИНАТОРОН ВА ИНТЕРНҲО БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР КАФЕДРАИ ДЕРМАТОВЕНЕРОЛОГИЯ ЛЕКСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРОИ ОРДИНАТОРОН ВА ИНТЕРНҲО БАРГУЗОР ГАРДИД

Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии мудири кафедраи дерматовенерология доктори илмҳои тиб, профессор Муҳамадиева Кибирё Мансуровна, санаи 22-юми апрел лексияи илмӣ-назариявӣ бо иштироки ординаторон ва интернҳо баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, густариши робитаҳои байналмилалии академӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии мутахассисони ҷавон роҳандозӣ гардида, барои иштирокчиён аҳаммияти муҳими назариявӣ ва амалӣ дошт.

Меҳмони кафедра, профессор аз Федератсияи Россия, доктори илмҳои тиб Глазкова Лариса Константиновна дар мавзуи «Аҳаммияти микробиоми урогениталӣ дар мардон дар ҳолати меъёр ва патология» маърӯза намуданд. Зимни ироаи маърӯза ҷанбаҳои муҳими илмии масъала, аз ҷумла нақш ва ҷойгоҳи микробиоми урогениталӣ дар таъмини солимии мардон, хусусиятҳои он дар ҳолати физиологӣ ва тағйироти баамаломада дар шароити патология мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки омузиши микробиом дар шароити муосир яке аз самтҳои афзалиятноки илми тиб маҳсуб ёфта, натиҷаҳои таҳқиқот дар ин самт метавонанд дар такмили усулҳои ташхис, пешгирӣ ва интихоби роҳҳои муассири муолиҷаи бемориҳои урогениталӣ нақши арзишманд гузоранд.

Профессор Глазкова Лариса Константиновна инчунин доир ба дастовардҳои нави илмӣ, равишҳои муосири таҳқиқотӣ ва аҳаммияти амалии истифодаи натиҷаҳои омузиши микробиом дар фаъолияти клиникӣ маълумоти муфассал ва судманд ироа намуданд.

Мазмуну муҳтавои лексия аз ҷониби ординаторон ва интернҳо бо таваҷҷуҳи хосса пазируфта шуда, барои онҳо бисёр муҳим, мубрам ва омӯзанда арзёбӣ гардид. Дар анҷоми чорабинӣ байни иштирокчиён ва маърӯзачӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба суолҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас, муфассал ва илман асоснок пешниҳод карда шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар самти такмили донишҳои назариявию амалии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои нави тибби муосир ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ аҳаммияти махсус дорад.


23.04.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php