ДАР ДОНИШГОҲ МАШҚИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ДОНИШГОҲ МАШҚИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Донишгоҳ бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машқи мудофиаи гражданӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати роҳбарикунанда, кормандон ва донишҷӯён ба ҳолатҳои фавқулода, такмили малакаҳои амалии онҳо дар шароити сар задани садамаю фалокат ва омӯзиши тартиби дурусти амал ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъиятҳои хатарнок маҳсуб меёфт.

Дар оғози чорабинӣ сардори мудофиаи граждании Донишгоҳ, ректори муассиса, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки таъмини бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти кормандону донишҷӯён яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки баргузории чунин машқҳо барои ташаккули омодагии касбӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва таҳкими малакаҳои амалии иштирокдорон дар ҳолатҳои фавқулода аҳаммияти муҳим дорад.

Сипас, сардори Сарраёсати мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Мирмаҳмадзода М. М. баромад намуда, оид ба зарурати омодагии пешакӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода андешаронӣ карданд.

Дар омодасозӣ ва баргузории машқи мазкур саҳми кафедраи тибби ҳарбии Донишгоҳ назаррас буда, намояндагони он дар ташкили бахшҳои назариявию амалӣ ва омузиши тартиби расонидани ёрии аввалияи тиббӣ фаъолона иштирок намуданд.

Қисмати амалии чорабинӣ бо пешниҳоди маълумоти мухтасар оид ба намудҳои ҳолатҳои фавқулода ва тартиби амал ҳангоми сар задани садамаю фалокат оғоз гардид. Дар ин марҳила тартиби хабардор намудани кормандону донишҷӯён ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияти хатарнок, риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шунидани бонги хатар ва роҳҳои дурусти амал намудан дар чунин ҳолатҳо ба таври амалӣ нишон дода шуданд.

Ҳамзамон, тарзу усулҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба зарардидагон ҳангоми садама ва фалокат намоиш дода шуда, иштирокдорон бо тартиби иҷрои амалҳои аввалияи тиббӣ шинос гардиданд. Инчунин, фаъолияти неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ҳангоми пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ба таври амалӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар қисмати ҷамъбастӣ коршиносони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ натиҷаҳои машқро таҳлил намуда, сатҳи омодагӣ, ҳамоҳангии амалҳо ва фаъолияти иштирокдоронро арзёбӣ карданд. Муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён З. А. зимни суханронӣ иштирокдорони чорабиниро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, баргузории чунин машқҳоро дар таҳкими фарҳанги бехатарӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагии шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ маросими қадршиносии иштирокчиёни фаъол баргузор гардида, барномаи фарҳангии омоданамудаи дастаи ҳунарии «Шифо» манзури ҳозирин гардонида шуд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Баргузории чунин машқҳои муштарак барои такмили низоми мудофиаи гражданӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати кормандону донишҷӯён ва ташаккули малакаҳои зарурӣ ҷиҳати ҳифзи ҳаёту саломатӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода заминаи мусоид фароҳам меорад.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


25.11.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php