ДАР ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА 29-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 25 июни соли 2026 дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бо иштироки васеи аъзои Шурои олимони Донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар идома ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, аз аҳамияти бузурги Ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу субот, рушди давлатдорӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ва маориф, ёдовар гардиданд.

Зикр карда шуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комил ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои рушди илму маориф ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, саҳми он дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ суханронӣ намуда, таъкид гардид, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдат рисолати муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Маҷлиси тантанавӣ дар фазои идона ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ҷамъбаст гардид.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


5
3
2
1
26.06.2026 6

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php