ДАР ДОИРАИ ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР ШУД
Дар доираи истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар толори «Сино»-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ чорабинии сатҳи баланди маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Тарбия аз оила сарчашма мегардад» баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаҳои муҳим табрику таҳният гуфтанд. Зимни суханронии худ мавсуф нақши оиларо ҳамчун пояи асосии ҷомеа ва муҳити аввалини тарбия таъкид намуда, зикр карданд, ки рушди маънавию ахлоқии насли ҷавон маҳз аз муҳити солими оила оғоз меёбад.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина иштирок ва суханронӣ намуда, аз сиёсати иҷтимоии давлат дар самти таҳкими институти оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занону кӯдакон ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандон ёдовар шуданд.
Ҳамчунин ректори Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, Аҳтамзода Абдуҳалим Аҳтам зимни баромади худ ба арзишҳои ахлоқӣ ва фарҳангии оила дар ҷомеа ишора намуда, таъкид доштанд, ки тарбияи дурусти фарзандон омили муҳими суботи иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа мебошад.
Муовини раиси Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда Бекмурод дар суханронии худ зикр карданд, ки таҳкими пояҳои оиладорӣ ва баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад ва чунин чорабиниҳо барои густариши арзишҳои миллӣ ва маънавӣ мусоидат менамоянд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоҳир Иззат низ баромад намуда, нақши оиларо дар ташаккули шахсияти солим ва ватандӯст арзёбӣ карда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим ва саривақтӣ номиданд.
Дар идомаи чорабинӣ собиқадорони меҳнат Мирзо Назаров ва Бурҳонова Зебо Умроновна таҷрибаи зиндагии оилавии худро бо иштирокдорон баён намуда, оид ба эҳтироми мутақобила, сабру таҳаммул ва масъулият дар зиндагии оилавӣ сухан гуфтанд.
Бо ибтикори Донишгоҳ дар доираи чорабинӣ чанд нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат хатна карда шуда, ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла сечархаҳо, тақдим гардиданд. Ин иқдом ҳамчун намунаи дастгирии иҷтимоӣ ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ озмуни «Оилаи беҳтарин» ташкил карда шуд, ки дар он Бобоҷонов В. А., омузгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳамсараш Назарова Х. Д., дотсенти Донишгоҳ, ҳамчун оилаи намунавӣ муаррифӣ гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин, як қатор донишҷӯёни факултети фарматсевтӣ барои хониши аъло ва интизоми намунавӣ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чорабинии мазкур бо ибтикори декани факултети фарматсевтӣ Гулмаҳмадзода Зафарҷон Гулмаҳмад роҳандозӣ гардида, ба як иқдоми арзанда ва намунаи ибрат табдил ёфт.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳофизи хушсадо Муҳаррама Шарипова бо иҷрои сурудҳои дилнишин ба маҳфил рӯҳияи идона бахшида, хотири иштирокдоронро болида гардонид.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА