ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА»

ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА «ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА»

25 сентябри соли 2026 дар пойгоҳҳои Марказҳои саломатии шаҳрии №12 ва №15 бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ ва педиатрии Донишгоҳ чорабинии тарбиявию фарҳангӣ бахшида ба қабули қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва таҳкими фарҳанги сулҳ дар байни ҷавонон баргузор шуда, дар он омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ донишҷӯён Алиева Зуҳал, Убайдзода Мафтуна, Алиева Шукрона ва Азимзода Шерафкан бо маърӯза ва муаррифии мавзуъ баромад намуда, аҳамияти сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва нақши ҷавононро дар таҳкими арзишҳои сулҳҷӯёна баён карданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу субот ва фарҳанги сулҳ дар арсаи байналмилалӣ аҳамияти муҳим дошта, ба ҳифзи сулҳ, рушди ҳамкориҳои созанда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наслҳои оянда равона шудааст.

Кафедраи тибби оилавӣ


26.09.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php