ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВИЮ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраи тибби оилавии Донишгоҳ бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯёни бахши 6-уми факултети педиатрӣ, гурӯҳи 5, чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи тибби оилавӣ Ҷалолзода М.Ҷ. баргузор гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият ва таҳкими мавқеи шаҳрвандии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Дар рафти чорабинӣ доир ба аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешрафти кишвар андешаронӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки Истиқлоли давлатӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, барои интихоби роҳи мустақили давлатдорӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯ Давлятова Адиба дар мавзуи аҳамияти Истиқлоли давлатӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷомеаи муосири Тоҷикистон маърӯза намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар, махсусан насли ҷавон, ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба нақши соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина таъкид шуд, ки таваҷҷуҳи пайваста ба рушди соҳаи тандурустӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Дар фарҷоми чорабинӣ иштирокдорон андешаҳои худро вобаста ба нақши ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол баён намуда, иброз доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи даврони истиқлолият бояд барои омӯзиши донишҳои муосир, такмили касбият ва саҳм гузоштан дар пешрафти Ватани азиз талош намоянд.
Чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ояндасози кишвар аҳамияти муҳим доранд.
Кафедраи тибби оилавӣ