ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТӢ БАХШИДА БА МЕРОСИ ИЛМИЮ АДАБИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТӢ БАХШИДА БА МЕРОСИ ИЛМИЮ АДАБИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳ бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни курси якуми факултети тиббӣ чорабинии маърифатӣ бахшида ба ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва мероси гаронбаҳои Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид.

Дар чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ-оммавӣ баромад намуда, оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб, фалсафа ва фарҳанги ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён карданд. Ҳамзамон, донишҷӯён ашъори ба шахсият ва осори Сино бахшидашударо қироат намуда, намунаҳои ҷолиби эҷодиёти адабиро пешкаши иштирокдорон гардониданд.

Чорабинии мазкур дар рӯҳияи эҳтиром ба мероси илмӣ ва фарҳангии ниёгон баргузор гардида, барои баланд бардоштани маърифати илмӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми донишҷӯён ба осори Абуалӣ ибни Сино аҳамияти муҳим дошт.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


30.09.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php