ЧОРАБИНИИ ИЛМИИ ИНТЕГРАТИВИИ БАЙНИКАФЕДРАВӢ
Мувофиқи нақшаи кории Ҷамъияти илмии донишҷӯён, санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ, ҷаласаи муштараки кафедраҳои физиологияи патологӣ ва фармакология баргузор гардид, ки ба мавзуи муҳими тибби муосир - механизмҳои патофизиологии инкишоф ва фармакотерапияи норасогии дил ва гурда бахшида шуд. Дар чорабинӣ мудирони кафедраҳо, ҳайати кормандон инчунин, донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи асосии ҷаласа ташаккули донишҳои амиқи фанҳои бунёдӣ – патофизиология ва фармакология дар донишҷӯён, ки барои рушди тафаккури клиникӣ дар ташхис ва табобати бемориҳои системаи дилу рагҳо ва ихроҷ замина мегузорад.
Бо сухани ифтитоҳӣ мудирони кафедраи физиологияи патологӣ ва фармакология баромад намуда, ба муҳимияти чорабинии интегративии мавзӯҳои байни кафедраҳо, эътибор доданд.
Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби донишҷӯёни аъзои ҶИД маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд, ки ҷанбаҳои асосии сабаб ва патогенези норасоии дил ва гурдаҳо, самтҳои принсипҳои асосии табобати беморон баррасӣ гардида, мубодилаи афкор баргузор шуд.
Донишҷӯён оид ба дармонбахшии самараноки маводҳои доруворӣ, зиёд гардидани давомнокии ҳаёти беморон, муроҷиати бармаҳали беморон, пешгӯӣ ва кам шудани теъдоди фавт баромадҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Инчунин оиди формакотерапияи бемориҳои норасогии дилва гурдаҳо маълумоти мушаххас дода, дар бораи маводҳои доругии муосир, таснифи доруҳо ва механизмҳои таъсири онҳо маълумот доданд.
Омузгорони кафедраҳо дар муҳокимаи маърӯзаҳо фаъолона иштирок намуда, баромадҳои донишҷӯёнро бо мисолҳои клиникӣ ғанӣ гардониданд.
Дар ҷаласа пешниҳод гардид, ки гузаронидаи чунин чорабиниҳо бо мавзуъҳои интегративии байникафедравӣ бо ҷалби дигар кафедраҳо ҳам тақвият бахшида шавад.
Кафедраи физиологияи патологӣ
Кафедраи фармакология