«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ГЕСУИ ДАРОЗ» -ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ГЕСУИ ДАРОЗ» -ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Чил духтари тоҷик бо гесуи дароз» баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории ҳамоиши мазкур тарғиби либоси миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангии тоҷикон, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, муаррифии анъанаҳои миллӣ ва тақвияти ҳисси худшиносиву ифтихори миллӣ дар байни бонувону духтарон арзёбӣ гардид.

Дар ин чорабинӣ ординатор-духтарони тоҷик аз Донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аҳрориён З. А. ва раиси Шурои занону духтарони Донишгоҳ Амонзода С. Б. фаъолона иштирок намуда, бо либосҳои зебои миллӣ ҳусни чорабиниро боз ҳам афзун гардониданд.

Иштироки намояндагони Донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ бозгӯи таваҷҷуҳи роҳбарияти муассиса ба ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва баланд бардоштани эҳсоси ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон мебошад.

Дар анҷоми чорабинӣ барои саҳми арзанда дар тарғиби либоси миллӣ ва иштироки фаъолона Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Ин гуна иқдомҳои фарҳангӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ, муаррифии арзишҳои волои фарҳанги тоҷикон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба мероси миллӣ нақши муассир дошта, барои ҳифзу густариши суннатҳои неки миллӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


30.07.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php