БУЗУРГДОШТИ СИНО ВА ГИРОМИДОШТИ ЗАҲМАТИ ТАБИБОН

БУЗУРГДОШТИ СИНО ВА ГИРОМИДОШТИ ЗАҲМАТИ ТАБИБОН

Дар Донишгоҳ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва зодрӯзи файласуф, ҳаким, табиб ва донишманди бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино чорабинии маърифатӣ баргузор гардид. Чорабинӣ ба гиромидошти мақоми табиб дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба мероси илмии Сино ва истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар оғози чорабинӣ ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва зодрӯзи файласуф ва табиби бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино самимона табрику муборакбод намуда, ба аҳли соҳаи тиб, олимону омӯзгорон, табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва донишҷӯён саломатӣ, саодат ва дар фаъолияти касбию илмӣ дастовардҳои нав орзу намуданд.

Ректори Донишгоҳ зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки касби табиб аз ҷумлаи касбҳои пурмасъулият ва инсонпарварона ба шумор рафта, фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ ба ҳифзи муҳимтарин арзиши инсон -ҳаёт ва саломатӣ иртиботи мустақим дорад. Ба гуфтаи мавсуф, дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии мамлакат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, рушди илмҳои тиб, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои пайгирона амалӣ мешаванд.

Профессор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар дар зарфи 35 соли Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, нақши сиёсати созанда ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди соҳа муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар ин давра муассисаҳои нави тиббӣ бунёд ва таҷдид гардида, имкониятҳои ташхису табобат васеъ шуда, заминаҳои рушди илм ва таҳсилоти тиббӣ тақвият ёфтанд.

Ректори Донишгоҳ ҳамчунин таъсиси Ҷоизаи байналмилалии «Абӯалӣ ибни Сино»-ро иқдоми нек ва арзишманд аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки чунин иқдом барои муаррифии арзишҳои илмӣ ва башардӯстонаи Сино дар сатҳи байналмилалӣ ва баланд бардоштани мақоми илми тибби тоҷик аҳамияти хосса дорад.

Дар чорабинӣ Сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Рамазонӣ ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаҳои фархунда табрик намуд.

Давлатзода Рамазонӣ дар суханронии худ ба мақоми табиб ва аҳамияти фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, зикр кард, ки табиб дар ҳама давру замон ҳамчун шахси масъул барои ҳаёт ва саломатии инсон мавқеи хосса дорад. Меҳмони фахрӣ таъкид намуд, ки дар шароити имрӯза рушди соҳаи тиб на танҳо ба такмили технология ва таҷҳизоти муосир, балки ба сатҳи дониш, малакаи касбӣ, маърифати баланд ва масъулияти инсонии табибон вобаста мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ аз шахсияти бузурги Абуалӣ ибни Сино, саҳми ӯ дар рушди илми тиб, фалсафа ва дигар соҳаҳои дониш ёдоварӣ гардид. Таъкид шуд, ки номи Сино барои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон танҳо як номи таърихӣ нест, балки рамзи мактаби илмӣ, маърифати тиббӣ, садоқат ба касб ва хидмат ба инсон мебошад. Осори илмии ӯ, бахусус «Ал-Қонун фи-т-тиб», дар таърихи тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи хос дошта, андешаҳои илмӣ ва таҷрибаи тиббии ин донишманди бузург то имрӯз арзиши худро нигоҳ доштаанд.

Дар фазои тантанавии чорабинӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ, зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба як қатор олимони соҳа ва омӯзгорони собиқадори Донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар рушди илми тиб, таълиму тарбияи мутахассисони ҷавон ва хизмати содиқона дар соҳаи тандурустӣ мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ супорида шуданд.

Аз ҷумла, ба як қатор кормандони арзанда дар вазъияти тантанавӣ нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаҳои Раёсати Донишгоҳ тақдим гардиданд.

Мукофотонидани олимон, омӯзгорон ва собиқадорони соҳаи тиб дар чунин рӯзи фархунда нишонаи қадршиносӣ аз заҳмати содиқонаи онҳо ва арҷгузорӣ ба нақши онҳо дар омода намудани насли нави мутахассисони соҳа мебошад. Ҳар як дастоварди имрӯзаи Донишгоҳ маҳсули меҳнати садҳо олимону омӯзгорон, табибон ва кормандони соҳаи тиб аст, ки дар тӯли солҳои фаъолияти худ барои рушди илми тиб, таълими донишҷӯён ва ҳифзи саломатии ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд.

Чорабинии мазкур дар рӯҳияи эҳтиром ба касби табиб, арҷгузорӣ ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино ва ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардида, бори дигар собит намуд, ки мактаби бузурги Сино дар Тоҷикистон идома дошта, насли имрӯзаи табибон ва олимони ҷавон вазифаи худро дар назди ҷомеа бо ҳисси баланди масъулият ва ифтихори миллӣ иҷро менамоянд.

Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино барои аҳли Донишгоҳ танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯзест, ки дар он меҳнати табиб, заҳмати омӯзгор, дастоварди олим ва мероси бузурги Сино ба ҳам омада, аҳли ҷомеаи тибро ба донишомӯзӣ, инсонпарварӣ, садоқат ба касб ва хидмати софдилона ба мардум ҳидоят менамояд.

Чорабинии маърифатӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба касби муқаддаси табибӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои соҳаи тандурустии мамлакат идома ёфта, ба ҳозирин таассуроти нек ва хотирмон гузошт.

ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА


10
9
8
7
5
4
3
2
1
14.08.2026 4

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php