БОЗГАШТИ ХОКИСТАРИ ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ-АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

БОЗГАШТИ ХОКИСТАРИ ФАРЗАНДОНИ ФАРЗОНАИ МИЛЛАТ-АРҶГУЗОРӢ БА ТАЪРИХ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ (БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ)

19 майи соли 2026 дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи истиқболи капсулаҳои дорои хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат – Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин арбоби барҷастаи фарҳангӣ Нисор Муҳаммад баргузор гардид. Дар ин маросими муҳими таърихиву маънавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан иштирок намуданд.

Иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар ин рӯйдоди таърихӣ бозгӯи эҳтироми амиқи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърихи миллат, арзишҳои миллӣ ва хизматҳои фарзандони содиқи Ватан мебошад. Маросим дар фазои тантанавӣ баргузор гардида, сарбозони Қаровули фахрӣ бо эҳтироми хос капсулаҳои дорои хоки оромгоҳи қаҳрамононро, ки бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшонида шуда буданд, ба майдони фурудгоҳ интиқол доданд.

Зимни маросим Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад арҷгузорӣ намуда, таъкид карданд, ки онҳо аз ҷумлаи шахсиятҳои барҷастае мебошанд, ки дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ саҳми беназир гузоштаанд. Маҳз чунин фарзандони фидокори миллат барои бақои давлатдорӣ, муайян гардидани ҳудудҳои миллӣ ва ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.

Бозгардонидани хоки рамзии ин шахсиятҳои таърихӣ ба Ватан бо дастури бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гардида, ҳамчун идомаи сиёсати давлат дар самти эҳёи хотираи таърихӣ, барқарорсозии адолати таърихӣ ва гиромидошти чеҳраҳои барҷастаи миллат арзёбӣ мегардад. Ин иқдом на танҳо рамзи эҳтиром ба гузашта, балки нишонаи пайванди ногусастании наслҳои имрӯз бо таърихи давлатдории миллӣ мебошад.

Пас аз анҷоми маросими истиқбол, ҷараёни гусели хоки қаҳрамонон бо ҳамроҳии ҳайати расмӣ ба сӯи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе идома ёфта, баъдан дар оромгоҳи Лучоб маросими ба хок супоридани онҳо бо риояи суннатҳои миллӣ ва арзишҳои дини мубини ислом баргузор гардид.

Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони барӯманди миллат дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи махсус касб мекунад. Бозгашти рамзии онҳо ба Ватани аҷдодӣ бори дигар собит месозад, ки давлат ва миллат хизматҳои фарзандони содиқу фидокори худро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медоранд.


Маҳмадзода Ш.Қ.-мудири кафедраи офталмология

 


26.05.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php