БОЗДИДИ ОСОРХОНАИ МАРДУМШИНОСӢ

БОЗДИДИ ОСОРХОНАИ МАРДУМШИНОСӢ

Осорхонаи мардумшиносӣ (этнографӣ) – маконе мебошад, ки дар он таърих, фарҳанг ва тарзи зиндагии мардум аз давраҳои гуногун нигоҳ дошта ва ба намоиш гузошта мешавад. Калимаи “мардумшиносӣ” ба маънои омӯзиши ҳаёт, урфу одат, анъана ва фарҳанги халқ аст.

Санаи 19- уми апрели соли 2026 ассистенти тарбиявии кафедраи ТАБК Ашурова А.Қ. ҳамроҳ бо донишҷӯёни курси 3-юми гурӯҳи 59-уми факултети тиббӣ ба Осорхони мардумшиносӣ ташриф оварданд ва аз урфу одатҳои мардум аз наздик шинос шуданд.

Осорхонаҳои мардумшиносӣ одатан барои ҳифзи мероси фарҳангии миллат таъсис дода мешаванд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ бахши мардумшиносӣ мавҷуд аст, ки таърихи зиндагии мардуми тоҷикро нишон медиҳад. Ин гуна осорхонаҳо бо гузашти вақт бойтар мешаванд, зеро ашёҳои нав ва кашфиётҳои таърихӣ илова мегарданд.Дар осорхонаи мардумшиносӣ шумо метавонед бисёр ашёҳои ҷолибро бинед: либосҳои миллӣ: атлас, адрас, чакан, тоқӣ ва дигар либосҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон истифода мешуданд; асбобҳои рӯзгор: осиёб, дег, табақ, кӯза ва дигар ашёҳои рӯзмарра; ҳунарҳои мардумӣ: қолинбофӣ, заргарӣ, кандакорӣ, чубкорӣ; асбобҳои кишоварзӣ: олотҳое, ки деҳқонон дар гузашта истифода мекарданд. Намунаҳои хонаҳои қадимӣ: тарзи сохтмон ва ороиши хонаҳо нишон дода мешавад

Осорхонаи мардумшиносӣ аҳамияти хеле калон дорад:

·        Мероси фарҳангиро ҳифз мекунад.

·        Ба ҷавонон таърих ва анъанаҳоро меомӯзонад.

·        Ҳисси ватандӯстиро зиёд мекунад.

·        Ба сайёҳон фарҳанги миллатро муаррифӣ менамояд.

Сафар ба осорхона барои мо хеле ҷолиб буд. Мо бо чашми худ дидем, ки гузаштагони мо чӣ гуна зиндагӣ мекарданд. Ашёҳои қадимӣ моро ба таърих бурданд ва мо дарк кардем, ки нигоҳ доштани фарҳанг хеле муҳим аст. Осорхонаи мардумшиносӣ ганҷи бебаҳои миллат мебошад. Ҳар як шахс бояд ба чунин ҷойҳо рафта, таъриху фарҳанги худро омӯзад ва эҳтиром кунад.      

                                                                                                                                                   Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона


21.04.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php