БОЗДИДИ МАСЪУЛИНИ МУОВИНАТИ ТАРБИЯ АЗ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШҶӮЁН

БОЗДИДИ МАСЪУЛИНИ МУОВИНАТИ ТАРБИЯ АЗ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШҶӮЁН

Бо мақсади шиносоии бевосита бо шароити зист, риояи тартибот ва сатҳи хизматрасонӣ ба донишҷӯёни хобгоҳҳо сардорони зерсохтори муовинати тарбия аз хобгоҳҳои №1 ва №2 боздид ба амал оварданд.

Шоми 29 сентябри соли 2026 масъулини сохторҳои муовинати тарбия дар доираи фаъолияти назоративу тарбиявӣ аз хобгоҳҳои №1 ва №2-и Донишгоҳ дидан намуда, бо шароити будубоши донишҷӯён аз наздик шинос шуданд. Зимни боздид масъулин аз утоқҳои истиқоматии донишҷӯён, ошхонаҳо, ҳаммомҳо ва дигар ҷойҳои умумии хобгоҳҳо дидан намуда, вазъи санитарӣ, тозагӣ, риояи қоидаҳои дохилии хобгоҳ ва шароити умумии зистро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дар хобгоҳҳои №1 ва №2 шароити мусоиди будубош барои донишҷӯён фароҳам оварда шуда, масъалаҳои тозагӣ ва риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар сатҳи хуб қарор доранд.

Дар рафти боздид масъалаҳои марбут ба тарбияи маънавию ахлоқӣ, фарҳанги муошират ва риояи қоидаҳои зист дар хобгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба донишҷӯён ҷиҳати риояи қатъии қоидаҳои дохилии хобгоҳ, эҳтироми ҳамдигар, муносибати дуруст бо масъулини хобгоҳ, сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи оқилонаи неруи барқ тавсияҳои мушаххас дода шуд. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи донишҷӯён ба фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб гардида, таъкид шуд, ки истифодаи дурусти имкониятҳои фазои маҷозӣ бояд дар заминаи масъулиятшиносӣ, фарҳанги иттилоотӣ ва эҳтиёткорӣ сурат гирад.

Дар идомаи суҳбат инчунин оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ, таъсири паёмҳои ифротгароёна дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сулҳу субот ва нақши ҷавонон дар таҳкими амнияти ҷомеа андешаронӣ карда шуд.

 

Муовинати тарбия


01.10.2026 7

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php