БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ МУОВИНАТИ ТАРЬИЯ АЗ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ

БОЗДИДИ КОРМАНДОНИ МУОВИНАТИ ТАРЬИЯ АЗ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ

Шоми 25.09.2026 бо мақсади таҳкими корҳои тарбиявӣ, шиносоии бевосита бо шароити будубоши донишҷӯён ва арзёбии вазъи иҷтимоиву маишии онҳо, сардорони зерсохторҳои муовинати тарбия ҳамроҳ бо кормандони муовинати тарбия ва муовини декани факултети тиббии Донишгоҳ аз хобгоҳҳои №4 ва №7 боздид ба амал оварданд.

Зимни боздид ҳайати масъулон ҳар як утоқи истиқоматии донишҷӯён, инчунин ошхонаҳо ва дигар ҷойҳои истифодаи умумиро аз назар гузаронида, ба вазъи санитариву гигиенӣ, риояи тартиботи дохилӣ, сатҳи тозагӣ ва фарҳанги нигоҳдории муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Дар ҷараёни боздид бо донишҷӯён суҳбатҳои мустақим доир гардида, масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, маишӣ ва тарбиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, риояи қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ, нигоҳ доштани тозагӣ дар утоқҳо ва ҷойҳои истифодаи умумӣ, муносибати масъулиятнок ба моликияти Донишгоҳ, инчунин истифодаи дуруст ва мақсадноки имкониятҳои хобгоҳ ба донишҷӯён тавзеҳ дода шуд.

Ҳамзамон, ба масъалаи сарфаю сариштакорона истифода намудани неруи барқ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, донишҷӯён барои пешгирии истифодаи беасос ва беҳудаи таҷҳизоти барқӣ, риояи талаботи бехатарӣ ва муносибати масъулиятнок ба захираҳои энергетикӣ ҳидоят карда шуданд.

Дар баробари ин, масъалаҳои одоби муошират, фарҳанги шаҳрнишинӣ, эҳтироми ҳамдигар, муносибати нек бо ҳамсабақон ва кормандони хобгоҳ, инчунин риояи қоидаҳои ҳамзистии иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба донишҷӯён таъкид карда шуд, ки сатҳи фарҳанги инсон, пеш аз ҳама, дар муносибати ӯ ба муҳити атроф, дигарон ва масъулиятҳои шахсиаш зоҳир мегардад.

Дар умум, чунин боздидҳо на танҳо барои шиносоӣ бо шароити воқеии будубоши донишҷӯён, балки ҳамчун воситаи муҳими робитаи мустақим миёни сохторҳои масъули корҳои тарбиявӣ ва донишҷӯён аҳаммияти хос доранд. Муоширати бевосита имкон медиҳад, ки масъалаҳои мавҷуда саривақт муайян гардида, барои ҳалли онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шаванд.

 

Муовинати тарбия

 


26.09.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php