БАЗМИ ГУЛ ДАР ЧАМАНИ НАВРӮЗ: СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АДАБӢ ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Дар кафедраи забони тоҷикӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам семинари илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Базми гул дар чамани Наврӯз аст...» бо иштироки омузгорону донишҷӯён дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди идона баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ, эҳёи расму ойинҳои наврӯзӣ ва тарбияи ҳисси зебоипарастиву худшиносии фарҳангии ҷавонон буд.
Дар оғози маҳфил донишҷӯён Раҳматов Зинҳор (курси 1, гурӯҳи 2, факултети тиббӣ) ва Аҳмадов Баҳодур (курси 1, гурӯҳи 10, факултети тиббӣ) вобаста ба таърихи анъанаҳои наврӯзӣ ва маросимҳои гулбазм, аз ҷумла «Гулгардонӣ», «Ҷашни гули лола» ва «Ҷуфтбаророн» бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуда, аз ҷойгоҳи ин ойинҳо дар фарҳанги миллӣ ёдовар шуданд.
Мудири кафедра, профессор Низомӣ С.Ф., зимни суханронӣ ҳозирин ва махсусан донишҷӯёнро ба муносибати ин базми зебои наврӯзӣ табрик гуфта, аз аҳамияти омузиши мероси фарҳангӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таъкид намуданд.
Бахши адабии чорабинӣ бо қироати шеърҳои пурмазмун дар васфи гулҳои наврӯзӣ ва зебоиҳои табиат идома ёфт. Донишҷӯён Қосимова Ҳусноро, Аҳмадзода Хадича ва Примқулова Шодиёна бо маҳорати баланд шеърҳо қироат намуда, фазои маҳфилро боз ҳам рангинтар гардониданд. Ҳамчунин, донишҷӯйи курси якуми факултети тиббӣ, гурӯҳи 2, Абдурозиқзода Соҷидамоҳ аз эҷодиёти худ лавҳаи адабии «Ман гули лолаам...»-ро бо сабки шоиронаи дилнишин пешкаши ҳозирин намуд, ки бо истиқболи гарм пазируфта шуд.
Ба чорабинӣ ҳусни тоза сурудҳои баҳорӣ бахшиданд. Донишҷӯён Муллоева Тиллоқиз (курси 1, гурӯҳи 6, факултети стоматологӣ) ва Ғаффуров Абдуғаффур (курси 1, гурӯҳи 10, факултети тиббӣ) бо овози форам ва лаҳни зинда дар васфи баҳор ва Наврӯз сурудҳо замзама намуда, ба маҳфил руҳи тантанавӣ бахшиданд.
Дар идомаи маҳфил устоди кафедра Раҳимов Т.Ф. оид ба таърихи Наврӯз ва анъанаҳои он дар асоси сарчашмаҳои муътамади илмӣ суханронӣ намуда, ба масъалаи ҷойгоҳи Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавии миллат таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбари маҳфили илмӣ-адабии «Авҷи Зуҳал» Суфиева Г.А. дар бораи таърихи «Сайри гули лола» ва тарзи ҷашнгирии он маълумоти муфассал ва арзишманд ироа намуданд.
Ҷиҳати боз ҳам ҷолибтар гардидани чорабинӣ, намоиши либосҳои миллӣ чакан, атлас, адрас ва дигар навъҳои куртаҳои миллӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён ва омӯзгорон пешниҳод шуданд, баргузор гардид. Ин бахш бозгӯи завқи баланди зебоипарастӣ ва эҳтироми амиқи иштирокчиён ба фарҳангу ҳунари миллӣ буд.
Чорабинии мазкур бори дигар собит намуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни эҳёи табиат, балки василаи муҳими таҳкими худшиносии миллӣ, дӯстдории фарҳанги аҷдодӣ ва рушди завқи маънавии ҷавонон мебошад.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА