БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАҲО ВА МАСЪАЛАИ БА ҶОЙИ КОР ТАЪМИН ГАРДИДАНИ ХАТМКУНАНДАГОН ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ КЛИНИКӢ
Ҷаласаи навбатии Шурои клиникӣ, ки яке аз зерсохторҳои муҳими самти корҳои муолиҷавии Донишгоҳ ба шумор меравад, санаи 28 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба фаъолияти табобатӣ ва таҳсилоти баъдидипломӣ тибқи нақша мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд.
Ҷаласа таҳти раисии муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. баргузор гардида, дар он кормандони Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, мудирони кафедраҳои клиникӣ, директорони марказҳои клиникӣ ва масъулони корҳои муолиҷавии кафедраҳо иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин баррасӣ гардиданд:
– ҳисоботи кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона оид ба фаъолияти табобатӣ ва таҳсилоти баъдидипломӣ дар солҳои 2021–2025;
– ахбор оиди то ба ҷои кор рафта расидани хатмкунандагони МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар соли 2025;
– масъалаҳои гуногун.
Аз рӯи масъалаҳои мазкур мудири кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона, номзади илмҳои тиб, дотсент Бабаева Л.А. ва директори Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ, номзади илмҳои тиб, дотсент Қобилзода Қ.К. маърӯза намуданд.
Дар муҳокимаи масъалаҳо якчанд мудирони кафедраҳои клиникӣ ва директорони марказҳои клиникӣ иштирок намуда, андешаҳои худро баён доштанд.
Дар анҷом, ҷаласа бо қабули қарорҳои дахлдор ҷамъбаст гардид.
Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ