БАРГУЗОРИИ ВОХУРИИ ДУҶОНИБАИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БО ҲАЙАТИ МЕҲМОНОН АЗ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 15 августи соли 2026 дар бинои асосии МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” вохӯрии муҳим ва самарабахши раёсати Донишгоҳ бо роҳбарии ректор Муҳиддин Н.Д. ва намояндагони Бонки рушди Осиё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҳайати Бонки рушди Осиёро машваратчии пешбари коршиноси тандурустии ҷамъиятӣ (ИМА) доктор Ораш Алаӣ, машваратчии калони тандурустии ҷамъиятӣ (Швейтсария) Мария Хативада Савчук ва машваратчии тандурустӣ ва амнияти тиббӣ (Тоҷикистон) доктор Саидмуъмин Холов намояндагӣ карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба рушди тибби оилавӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос дар ин самт ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббии аввалия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин ҷонибҳо оид ба роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо дар рушди самти мазкур, табодули таҷрибаи мутахассисон ва такмили малакаҳои касбии кадрҳои соҳаи тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.
Боиси қайд аст, ки вохӯрӣ дар фазои хеле дӯстона, созанда ва бо рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ