Баргузории вохӯрӣ байни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва намояндагони Беморхонаи халқии Вилояти худмухтори Шинҷон
31 марти соли 2026 дар МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино” вохӯрии раёсати донишгоҳ бо намояндагони Беморхонаи халқии Вилояти худмухтори Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Аз ҷониби ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино кормандони раёсати Донишгоҳ бо роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Муҳиддин Н.Д., ва намояндагони раёсати беморхонаи болозикр, бо роҳбарии профессор Чжан Венфен дар вохӯрии мазкур иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тиб, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва табодули таҷриба иброз доштанд. Ҳамчунин, онҳо аҳамияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судмандро ба нафъи ҳарду ҷониб таъкид намуданд.
Зимни мулоқот, раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва ҳайати намояндагони Беморхонаи халқии Вилояти худмухтори Шинҷон изҳори умедворӣ карданд, ки ҳамкориҳои судманд ва табодули таҷриба минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. Ҷонибҳо табодули афкор намуда, интизори оғози ҳамкориҳои муваффақ мебошанд, ки ба ташаббусҳои зиёди муфид ва самаранок барои ҳарду тараф мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ