БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ МАЪРИФАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ МАЪРИФАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Санаи 03 апрели соли 2026 дар толори лексионии ба номи Раҳимов, воқеъ дар Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳ, семинари маърифатӣ бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳузури васеи донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, таҳкими ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ арзёбӣ гардид.

Дар оғози семинар муовини ректор оид ба тарбия, Ањрориён З.А. суханронӣ намуда, роҷеъ ба хатарҳои замони муосир, аз ҷумла таъсири гурӯҳҳои ифротгаро ва зарурати баланд бардоштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ миёни ҷавонон ибрози андеша кард. Таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи тарбияи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд. Қайд гардид, ки ояндаи давлату миллат аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон вобастагии мустақим дорад.

Дар идома роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев Аличон баромад намуда, ҷавононро ба омӯзиши амиқи илму маърифат, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ даъват кард. Ӯ зикр намуд, ки ҷавонон бояд неруи пешбарандаи ҷомеа буда, дар таҳкими суботу амният саҳми арзанда гузоранд.

 

Ҳамчунин, сардори шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Холзода Шоҳин дар баромади худ ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид кард, ки истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда метавонад ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд. Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза давлат барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми заминаҳои заруриро фароҳам овардааст.

 

Сипас, муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, ҷавононро ба хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ободонии кишвар даъват кард. Номбурда таъкид намуд, ки илму дониш василаи асосии пешрафти ҷомеа буда, инсонро аз ҷаҳолат ва амалҳои номатлуб нигоҳ медорад. Ӯ махсусан ба донишҷӯёни соҳаи тиб муроҷиат намуда, зикр кард, ки масъулияти онҳо дар назди ҷомеа хеле бузург аст, зеро ҳифзи саломатии миллат ба донишу малака ва фаъолияти касбии онҳо вобаста мебошад.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ муовини ректор оид ба тарбия Аҳрориён З.А. аз номи Раёсати Донишгоҳ ба намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок ва гузаронидани чунин як мулоқоти судманд изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории чунин семинарҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим мебозад.

 

Муовинати тарбия


06.04.2026 48

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php