БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ ВА «ҲАФТАИ САЛОМАТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН»

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ ВА «ҲАФТАИ САЛОМАТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН»

7-уми апрели соли ҷорӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ семинар баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10 апрел доир мегардад, роҳандозӣ шуд. Дар семинар ду масъалаи хеле муҳим - ҳуқуқ ва саломатии кӯдакон ва рушди Мактаби модарони оянда мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар кори семинар намояндагони мақомоти давлатӣ, мутахассисони соҳаи тандурустӣ, устодон ва ординаторони клиникии Донишгоҳ иштирок намуданд. Аз ҷумла, мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландаров Сафо, сардори раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Дилошуб, корманди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаргули Шамсулло, табиби бемориҳои занона аз Маркази миллии солимии репродуктивӣ Кулобиева Раъно аз меҳмонони асосии чорабинӣ буданд.

Семинарро муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ, д.и.т., профессор Ҳусейнзода З.Ҳ. ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни семинарро шодбошӣ ва хайрамақдам намуд. Маърӯзачиён вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббию ҳуқуқии аҳолӣ андешаҳои судманд иброз намуданд. Аз Донишгоҳ дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2, н.и.т. Хоҷаева Н.Н. ва дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1, н.и.т. Бадалова З.А. баромад намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ қайд карда шуд, ки Донишгоҳ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди илми тиб саҳми назаррас мегузорад.

Семинар бо қисмати мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб ҷамъбаст гардида, иштирокчиён омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо дар оянда изҳор намуданд.

 

                                                   Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ


09.04.2026 63

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php