БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ: «ИМКОНИЯТИ ИСТИФОДАБАРИИ РАСТАНИҲОИ ШИФОБАХШИ ВАТАНӢ БАРОИ ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ СИСТЕМАИ ЭНДОКРИНӢ»

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ: «ИМКОНИЯТИ ИСТИФОДАБАРИИ РАСТАНИҲОИ ШИФОБАХШИ ВАТАНӢ БАРОИ ПЕШГИРӢ ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ СИСТЕМАИ ЭНДОКРИНӢ»

Дар МТИИ “Фарматсия” мувофиқи нақшаи кории тасдиқшуда ва фармоиши ректор (аз 11.05.26 №46/8) дар донишгоҳ мизи мудаввар дар мавзуи: «Имконияти истифодабарии растаниҳои шифогии ватанӣ барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои системаи эндокринӣ» бо иштироки кормандону омузгорони дахлдори сохторҳои донишгоҳ ва донишҷӯён ташкил ва баргузор карда шуд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини ректор оид ба илм ва иноватсия, д.и.т., профессор Икромӣ Турахон Шарбат таъкид кард, ки ҳадафи он тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои бо мақсаду самаранок истифода бурдани растаниҳои шифобахши ватанӣ дар тибби муосир ва ба даст овардани маълумоти муфассал оид ба истифодабарии онҳо дар табобат мебошад.

Дар рафти мизи мудаввар иштирокчиён мубоҳисаҳои зиёд дар мавзуъҳои баррасишаванда зоҳир намуданд. Мутахассисон озодона ибрози андеша карда оид ба истифодабарии гиёҳҳои шифобахши ватанӣ барои пешгирӣ ва табобати бемориҳои системаи эндокринӣ сӯҳбат намуданд.

    

Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия»


25.05.2026 14

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php