БАРГУЗОРИИ МИНИКОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ МИНИКОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

14 ноябри соли 2026 дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1 бо ташаббуси ассистенти кафедра Алишерова Н.А. ва иштироки донишҷӯёни курси 4-уми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 42-48, миниконфронси маърифатӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ донишҷӯён Тағойев Аксамҷон ва Охунова Муаттара бо маърӯза ва рӯнамоҳо баромад намуда, оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии Рӯзи Президент, нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ибрози назар карданд.

Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Чунин чорабиниҳои маърифатӣ ба баланд бардоштани донишҳои сиёсиву таърихии донишҷӯён ва таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ мусоидат менамоянд.

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи № 1


16.11.2026 5

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php