БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ «ҲАФТАИ САЛОМАТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН»

БАРГУЗОРИИ МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ БАРОИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ «ҲАФТАИ САЛОМАТӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ТОҶИКИСТОН»

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ ва аксияи ҷумҳуриявии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон», ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10 апрел доир гардид, аз ҷониби устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳ бо ҷалби донишҷӯёни курсҳои аввали факултети тиббӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд.  

Дар рафти чорабинӣ донишҷӯён таҳти роҳбарии омузгорон машқҳои гуногуни ҷисмонӣ, аз ҷумла машқҳои сабуки гармкунӣ, давидан, тамринҳои нафаскашӣ ва ҳаракатҳои варзиширо иҷро намуданд. Ҳадафи асосии баргузории чунин иқдомҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифати варзишб ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами варзишӣ мебошад.

 

Аслонов Д.И.- мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ


11.04.2026 64

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php