БАРГУЗОРИИ ДАРСИ КУШОД БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
14 ноябри соли 2026 бо ташаббуси дотсенти кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона Абдуллоева Н.А. дар факултети педиатрӣ бо иштироки донишҷӯёни курси сеюм, гурӯҳҳои академии 1–7, дарси кушод дар мавзӯи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар ҷараёни дарс донишҷӯён доир ба таърихи пайдоиш ва аҳаммияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ин сана дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Зимни баромадҳо ба рӯйдодҳои муҳими таърихи навини Тоҷикистон ва марҳилаҳои ташаккули давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Қайд гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, яке аз санаҳои муҳими тақвими давлатии кишвар ба шумор рафта, бо рӯйдодҳои сарнавиштсози таърихи навини давлатдории тоҷикон робитаи ногусастанӣ дорад. Маҳз 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз бахшид, ки дар ҷараёни он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин рӯйдоди таърихӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ ба вуқӯъ пайваста, дар раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар нақши муҳим гузошт.
Ҳамчунин, зикр гардид, ки 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд намуда, расман ба иҷрои ваколатҳои президентӣ шурӯъ карданд. Бо мақсади гиромидошти ин санаи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба мақоми Президент дар низоми давлатдории миллӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2016, таҳти №1320, 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
Дар идомаи дарс таъкид гардид, ки таҷлили ин санаи муҳим на танҳо ифодаи эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, балки василаи муҳими омӯзиши таърихи навини кишвар, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ мебошад.
Дарси кушод дар фазои маърифатӣ ва созанда баргузор гардида, барои баланд бардоштани донишҳои сиёсиву таърихии донишҷӯён, таҳкими ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба арзишҳои истиқлолу ваҳдати миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Кафедраи ТАБК