Баргузории дарси кушод бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар кафедраи забонҳои хориҷӣ

Баргузории дарси кушод бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар кафедраи забонҳои хориҷӣ

Рӯзи 4-уми май дар кафедраи забонҳои хориҷӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯёни факултаи тиббӣ бахшида ба муносибати Рӯзи Ғалаба дарси кушод баргузор гардид.

Дар чорабинӣ нахуст аз ҷониби устодони кафедра мавзуъҳои марбут ба аҳамияти таърихии Рӯзи Ғалаба, қаҳрамониҳои тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва нақши онҳо дар ҳифзи сулҳу субот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъдан донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва баромадҳои ҷолиб андешаҳои худро доир ба арзиши сулҳ ва ваҳдат иброз доштанд.

Рӯзи Ғалаба ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ, рамзи шуҷоат, фидокорӣ ва иттиҳоди мардум барои миллатҳо аҳамияти муҳим дорад.

Гуфтанист, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба таърихи миллат дар байни ҷавонон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни дарс фазои маънавию тарбиявӣ хеле баланд арзёбӣ гардида, донишҷӯён тавассути суолу ҷавоб ва муҳокимаҳои озод дониш ва ҷаҳонбинии худро такмил доданд.

Иштирокчиён таъкид намуданд, ки гиромидошти хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва омӯзиши сабақҳои таърих барои насли ҷавон аҳамияти махсус дошта, онҳоро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи кишвар раҳнамун месозад.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ


06.05.2026 10

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php