БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

Санаи 27.05.2024 дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак, ректори Донишгоҳ д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ, доираи васеи омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино д.и.т., профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ баромад намуда, аз ташаккул ва рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии сиёсати дурандешонаву ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудаанд. Ҳамчунин, таъкин карданд, ки сиёсати давлати ҷавонон ҳамчун самти афзалиятнок муайян шудааст ва бо қабулу татбиқи марҳила ба марҳилаи қонунгузорӣ дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон, ки ҳадафи аслии онро фароҳам овардани шароиту имкониятҳои рушду инкишофи ҳаёти ҷавонон ва таъмини амалишавии кафолатҳо дар самти дастгирии ҷавонон ташкил медодан, заминаҳои муҳим гузошта шудаанд.

Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак суханронӣ намуданд. Зимни баромади мавсуф зикр гардид, ки бо дастгириву таваҷҷуҳ ва сиёсати ҷавонпарварони Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардидани ташаббусу иқдомҳои ҷавонон шароит ва имконияти фарохе фароҳам оварда шудааст. Нақш ва мавқеи ҷавонон дар ҷомеаи кунунӣ мақоми асосиро касб намуда, фаъолияти ин қишри ояндасози кишвар дар пешбурди дилхоҳ соҳа ба таври назаррас эҳсос мегардад.

Маврид ба қайди махсус аст, ки фаъолияти ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар рушди иқтисоди миллӣ ва дигар соҳаҳо назаррас буда, онҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояҳои созанда пешниҳод карда, бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар амал татбиқ карда мешаванд. Ҷавонон такягоҳи воқеӣ, умед ва ифтихори ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба шумор мераванд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Дар шароити пешрафти босуръати ҷомеаи зудтағйирёбанда, раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳои милливу умумибашарӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан ба имрӯзу ояндаи насли наврасу ҷавон яке аз масъалаҳои муҳиму саривақтӣ маҳсуб меёбад. Ҷиҳати мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани таълим ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас дар мамаклат муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст. Муассисаҳои нави таълимӣ аз қабили муассисаҳои таълимии типи нав, ки дар онҳо мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таълим ҷараён мегиранд, бо дастгирии роҳбарияти давлат ба истифода дода шуда, дар онҳо омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд ва ин омил барои рушди зеҳнии ҷавонону наврасон замина фароҳам овардааст. Ҳамасола баргузор гардидани Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» ва дигар озмунҳо дар сатҳҳои гуногун ба рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа, инчунин, омӯзиш ва гиромидошти арзишҳои миллию давлатӣ, тақвияти хештаншиносиву худогоҳии миллӣ мусоидат карда, аз шумори иқдомҳои наҷибу дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонону наврасон мебошад. Варзишгарони мамлакат шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳти ғамхориву дастгириҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамин аст, ки онҳо дар бонуфузтарин мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, бозиҳои олимпӣ иштирок карда, бо ғолибияти худ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро борҳо баланд бардоштаанд ва ба ифтихори пирӯзии онҳо Суруди миллӣ борҳо дар сатҳи байналмилалӣ садо додааст.

Дар чорабинӣ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва донишгоҳӣ ғолибият ба даст овардаанд, роҳбарони онҳо, инчунин, донишҷӯёни Донишгоҳ, ки дар озмуну сабқатҳои сатҳои гуногун пирӯз шудаанд, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол, ки барои рушди ҳамаҷонибаи Донишгоҳ саҳмгузор буданд, бо Сипоснома ва мукофотҳои пулии таъсисдодаи Раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамин тавр, роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меорад. Лиҳозо, насли ҷавонро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

 

Валиев Давлатёр

рӯзноманигори Хадамоти ректор


15
14
13
12
11
10
9
7
8
5
4
3
2
1
27.05.2024 1013

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php