БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҶАМЪОМАДИ МАЪРИФАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ҶАМЪОМАДИ МАЪРИФАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

5 октябри соли 2026 дар кафедраи тибби судии Донишгоҳ бо иштироки кормандони кафедра ва донишҷӯёни курси 6-уми факултети тиббӣ, гурӯҳҳои 17-23, ҷамъомади маърифатӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таҳти унвони «Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст» баргузор гардид.

Дар ҷамъомад доир ба мақоми забони давлатӣ, аҳамияти он дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ маърӯзаи мухтасар пешниҳод карда шуд. Таъкид гардид, ки эҳтиром ва ҳифзи забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар буда, омӯзишу истифодаи дурусти он барои рушди фарҳанг ва таҳкими давлатдории миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Ҷамъомад бо даъват ба эҳтироми забони давлатӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва саҳмгузорӣ дар ҳифзу рушди забони тоҷикӣ анҷом ёфт.


06.10.2026 2

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php