Ба истиқболи 110- солагии зодрӯзи профессор Яҳё Абдуллоевич Раҳимов

Ба истиқболи 110- солагии зодрӯзи  профессор Яҳё Абдуллоевич Раҳимов

БО ТАЛОШИ Ӯ ДДТТ НОМИ СИНОРО ГИРИФТ

   Яҳё Абдуллоевич Раҳимов, ки ҳамчун яке аз поягузорони барҷастаи тибби муосири тоҷик шинохта мешавад, 15 сентябри соли 1916 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз байни мутахассисони маҳаллӣ нахустин шахсест, ки роҳбарии ягона муассисаи таҳсилоти олии тиббии ҷумҳуриро бовар карда ба зиммааш супориданд ва аввалин кори шоистае, ки дар давоми роҳбариаш анҷом дод, бо талошу кӯшишҳои зиёд барои ба донишкада додани номи алломаи машриқзамин- Абуалӣ ибни Сино муваффақ гашт. То ин замон бошад, барои Яҳёи ҷавон роҳи дарозу заҳматталаб, вале пур аз ифтихору сарфарозиҳоро тай кардан лозим омад. Ва ӯ ба ҳамаи ин фурсат ёфт…

...Тобистони соли 1931. Сохтмони зарбдори Вахш беҳтарин фарзандони баору номуси Тоҷикистони мухторро ба худ ҷалб карда, барои азхудкунии заминҳои ташналаби ин водии зархез меҳнати шабонарӯзӣ идома дошт. Аз ҷумҳуриҳои дигари собиқ шӯравӣ низ шумораи зиёди ихтиёриён ба ин майдони набард омада буданд. Дар байни ҷавонмардони халқу миллатҳои гуногун писарбачаи 14-15 солаи миёнақади гандумгуне бо ҳавсалаи зиёд заҳмат мекашид. Ӯро ҳама дӯст медоштанд, зеро ба синну соли наврасиаш нигоҳ накарда, дар ягон ҷабҳаи кор аз дигарон қафо намемонд. Чанд рӯзи охир бошад, дар хати камбари роҳи оҳан кор мекард. Гоҳе белу каланд зада замин ҳамвор мекарду гоҳе чӯб мекашонд ва лаҳзаҳои зарӯрӣ дар ҷо ба ҷо кардани релсҳои омодагашта ба ҳамкоронаш ёрӣ мерасонд. Боре сардори сохтмон вазъи корҳоро тамошо карда истода, диққаташро часпу талоши ин писарбачаи чусту чолок ба худ ҷалб сохт ва ба ӯ наздик омада, як навъ навозишкорона дасташро фишурда, саломуалейк карду пурсон шуд:

-Чандсолаӣ, писарам?

-15-сола ҷавоб дод писарбача.

-Чӣ ном дорӣ?

-Яҳё

-Аз кадом ноҳия омадаӣ?

-Аз шаҳри Хуҷанд.

-Охир барои ба чунин корҳои вазнин сару кор гирифтани ту ҳоло барвақт аст, беҳтар набуд, ки дар ягон ҷо дохил шуда, хонданро давом медодию соҳиби ягон маълумот мегаштӣ?

-Ман ҳам барои ҳамин омадаам, ки кор карда, каме пул захира кунаму таҳсилро идома диҳам.

-Падарат чӣ кора аст?

-Падарамро босмачиҳо куштанд.

-Бачаи боғайрат будаӣ, писарам, фақат руҳафтода нашав, зиндагии мову шумо баъди боз андаке вақти дигар ба таври куллӣ дигаргун мешавад. Оянда бошад ҷумҳурии ҷавонамон ба ту барин бачаҳои баномӯс эҳтиёҷи калон пайдо мекунад, аз ин рӯ кӯшиш намо, ки вақтро нагузаронида, маълумоти зарурии касбӣ гирию чун мутахассис дар ягон соҳа мавқеи худро ёбӣ, -сари Яҳёро силакунон гуфт сардор ва боз илова кард:

-Исто, ки ту ки шудан мехоҳӣ?

-Духтур.

-Оҳо, беҳтарин касб. Мардуми мо дар ҳамин шабу рӯз аз ҳама бештар ба табибон ниёз дорад. Боварӣ дорам, ки оянда аз ту барин бачаи чаққон табиби хуб мебарояд.

Сардор ҳамин тавр бо Яҳё чанде пурсупос намуда, дастонашро барои хайрухуш фишурду ба ҳамкорони калонсолаш таъкид сохт, ки аз Яҳё ҳамеша бохабар бошанду дар корҳои вазнин ӯро истифода набаранд.

Ҳамин тавр ӯ якуним сол дар ин сохтмони зарбдор монда, қатори ҷавонмардони ҳузарб меҳнат карду баъди каме маблаѓ пайдо намудан ба зодгоҳаш баргашт.

Тирамоҳи соли 1932 бошад, Яҳё Раҳимови шонздаҳсола ба Мактаби фелдшерии шаҳри Хуҷанд дохил шуду ба қавле барои ӯ пайраҳаи борике ба шоҳроҳи васеи касби интихобкардааш кушода гашт. Яҳё бо тамоми ҳастӣ ба омӯзиш дода шуда буд. Ӯ аз рӯзҳои аввали таҳсил пай бурд, ки омӯзиши касби табибӣ аз заҳматҳои дар сохтмони зарбдори Вахш кашидааш бештар сахтиҳо дорад ва барои ба номи пуршарафи табибӣ соҳиб гаштан басо шабзиндадориҳоро паси сар кардан лозим меояд. Дар мактаби фелдшерӣ асосан, мутахассисони русзабон, ки аз ҷумҳуриҳои дигар омада буданд, ба ҷавонони маҳаллӣ касби фелдшериро меомӯзониданд ва машѓулиятҳо низ ба забони русӣ мегузаштанд. Яҳё то андозае бо забони русӣ аз мактаби миёна ошноӣ дошт, вале барои касбомӯзӣ ин кам буд. Аз ин рӯ қарор дод, ки барои омӯзиши чуқури ин забон вақти иловагӣ ҷудо кунад. Ӯ ҳар шаб ду соат вақташро ба омӯзиши забони русӣ мебахшид ва ҳар рӯз 30-40 вожаю мафҳумҳои навро бо ин забон дар дафтари махсус сабт намуда, то рӯзи дигар азёд мекард. Ин кӯшишҳояш барабас нарафтанд. Баъди шаш моҳ Яҳё Раҳимов ҳамчун донандаи беҳтарини забони русӣ дар байни устодону ҳамсабақонаш шуҳрат ёфт. Касби фелдшериро низ давоми чор соли таҳсил ба хубӣ аз худ намуд. Маҳз дониши баланд ва забондониашро ба назар гирифта, баъди хатми таҳсил ӯро ҳамчун тарҷумон дар ҳамин мактаби фелдшерӣ ба кор гирифтанд. Вазифаи Яҳё ба навомӯзон тарҷума карда додани сабақҳои устодони русзабон буд, ки ин аз кас сабру тоқат ва малакаву истеъдоди омӯзгориро талаб мекард.

Дар давоми ду соли ба ҳайси тарҷумон фаъолият намуданаш Яҳё Абдуллоевич Раҳимов ин таълимгоҳро ба қавли устодонаш гӯё як бори дигар аз нав хатм намуд. Кулвори дониши ӯ вазнин гашта буд ва аз Яҳёи ҷавон парвозҳои наву баландтарро тақозо дошт. Инро устодонаш низ ба хубӣ ҳис менамуданд ва бо тавсияи онҳо Яҳё Раҳимов соли 1938 роҳи донишкадаи тиббии шаҳри Ашқободро пеш гирифт. Аз имтиҳонҳо бомуваффақият гузашта, донишҷӯи ин даргоҳи олӣ гашт. Русидониаш дар ин ҷо ӯро бештар ба кор омад, зеро дар ин ҷо ҳарчанд ҳама машѓулиятҳо бо забони русӣ мегузаштанд, Яҳёи аллакай аз мактаби калони омӯзиши забон гузашта ҳангоми омӯзиш мушкилиеро ҳис намекарду дар лаҳзаҳои зарурӣ барои ҳамсабақонаш мутако ва ёрдамчии беминнат ҳисоб меёфт.

Солҳои 1941-1942 ӯ дар баробари таҳсили муваффақона дар диспансери бемориҳои пӯсту венерологии шаҳри Ашқобод ба сифати фелдшер фаъолият менамуд. Бо вуҷуди ин хабари дар шаҳри Душанбе кушодашавии Донишкадаи тиббиро шунида, аз пайи бозгашт ба Ватан шуд, зеро мехост, ки давоми таҳсилро дар Тоҷикистони барояш азиз идома диҳаду ҷои кору фаъолияти минбаъдаашро низ дар ҳамон ҷо пайдо намояд. Баъди муроҷиатҳои пай дар пай соли 1942 ӯ бо розигии тарафайн ба Донишкадаи олии тиббии Тоҷикистон интиқол дода шуд. Хамин тавр ӯ соли охири таҳсилашро дар Ватан гузаронида, соли 1943 дар қатори дигарон ҳамчун аввалин хатмкунандаи ДДТТ диплом гирифт. Ҳарчанд аксари хамсабақони ӯро баъди гирифтани диплом ба майдонҳои набарди Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристода бошанд ҳам, вале донишу малакаи фарқкунанда ва таҷрибаи касбии Яҳё Абдуллоевич Раҳимовро ба назар гирифта, дар донишкада мондани ӯро авлотар донистанд. Воқеан, донишкадаро ҳамроҳи ӯ боз панҷ нафар ҷавонони таҳҷоӣ- А. Калонов, К. Каримова, М. Расулов, С. Ҳакимова ва Д. Ҳомидов хатм карда бошанд ҳам, вале танҳо Я.А.Раҳимов ва М.Я.Расулӣ барои идомаи фаъолият дар донишкада пазируфта шуданд.Ӯ солҳои 1943-1946 ба сифати ассистенти кафедраи анатомияи топографӣ ва ҷарроҳии фаврии донишкада фаъолият намуда, на танҳо дар тарбияи мутахассисони ҷавони тиб саҳми босазо гузошт, балки инчунин дар давоми ин солҳо имконият пайдо намуд, ки тез-тез ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар намуда, ҷавонони соҳибистеъдоди маҳаллиро ба омӯзиши ин касби наҷиб дар донишкадаи навташкили тиббии ҷумҳурӣ даъват намояд.

Солҳои ҷанг як зумра мутахассисони соҳаҳои гуногуни тиб аз ҷумҳуриҳои ба асорати фашистон афтода барои кор ба донишкадаи тиббии Тоҷикистон омаданд ва маҳз бо қувваи онҳо раванди таълими мутахассисони ҷавони тиб дар ин таълимгоҳи олӣ ба як маҷрои муайян дароварда шуд. Баъди бо ѓалабаи халқи шӯравӣ ба итмом расидани ҷанг бошад, қисме аз ин мутахассисони варзида аз нав ба ҷойҳои кори пешинаи худ баргаштанд. Аз ин хотир Ҳукумати марказӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ пурра кунонидани сафи омӯзгорони донишкадаро зарур ҳисобида, соли 1946 бо фармони аввалин президенти Академияи илмҳои тибби Иттиҳоди Шӯравӣ Н.Н.Бурденко як гурӯҳ ҷавонони маҳаллӣ барои идомаи таҳсил дар аспирантура ва докторантура ба муассисаҳои бонуфӯзи тиббии шаҳри Москва ҷалб карда шуданд. Дар ин қатор Яҳё Абдуллоевич Раҳимов низ барои таҳсили аспирантура ба Пажӯхишгоҳи морфологияи эътидолӣ ва эътилолӣ интиқол дода шуд. Дар заминаи кафедраи анатомияи эътидолии Донишкадаи 2-юми тиббии Москва Я.А.Раҳимов таҳти роҳбарии академики АИТ ИҶШС, профессор В.Н.Терновский омӯзиши чуқури морфологияи синнусолии ҷазирачаи Рейлиро ба зимма гирифт. Ин қисмати майнаи сари инсон то ҳол аз тарафи муҳақиқони хориҷию ватанӣ ба таври ҷиддӣ мавриди таҳқиқ қарор дода нашуда буд ва табиист, ки аз муҳаққиқи ҷавон Я.А.Раҳимов мӯшикофиҳои зиёд ва тадқиқоти ҷиддиро талаб мекард. Бо ин мақсад ӯ дар давоми се соли таҳсил қисматҳои гуногуни майнаи сари қариб 160 ҷасади синну соли гуногунро мавриди омӯзиши чуқур қарор дод. Дар натиҷа муҳаққиқи ҷавон Яҳё Абдуллоевич Раҳимов ба хулосае расид, ки ҷазирача аз ҷиҳати филогенетикӣ қисми нав ташаккулёфтаи майнаи сар буда, болои он бо қисматҳои пешонӣ ва фарқи сари майна пӯшонида шудааст. Тадқиқот бисёр паҳлӯхои торики ин қисмати майнаи сарро ба мутахассисони соҳа равшан намуд ва ин буд, ки моҳи декабри соли 1949 дар шӯрои Шуъбаи тиббӣ-биологии АИТ ИҶШС кори илмии Я.А.Раҳимов баъди муҳокимаи дуру дароз бомуваффақият ҳимоя гардида, соли 1950 ба ӯ унвони номзади илмҳои тиб дода шуд. Ин комёбии олими ҷавони тоҷик роҳбари илмиаш академик В.Н.Терновскийро камтар аз ӯ хурсанд нагардонида буд. Ин буд, ки ин олими сатҳи ҷаҳонӣ солҳои баъдӣ маҳз бо тавсияи Я.А.Раҳимов тарбияи як зумра олимони ҷавони тоҷикро ба зимма гирифта, дар ташаккул ва рушду инкишофи илми анатомияи тоҷик саҳми калон гузошт.

-Соли 1952 мо як гурӯҳ хатмкардаҳои ДДТТ бо тавсияи ректори навтаъсиси донишгоҳ Я.А.Раҳимов барои идомаи таҳсил ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар соҳаи анатомия ба Донишкадаи 2-юми тиббии шаҳри Москва фиристода шуда будем, - зимни яке аз суҳбатҳо нақл карда буд д.и.т., профессори шодравон Ф.А.Абдураҳмонов, - рӯзи аввали қабуламон академик Терновский аз Тоҷикистон буданамонро фаҳмида, як навъ хурсандона пурсид: «А, как там мой Яхё» ва баъди оне, ки салому паёми устодро ба он кас расондем, академики рус як навъ қаноатмандона гуфт: бисёр хуб, ки шумо барои илмомӯзӣ роҳи дарозро тай карда ба пойтахти мамлакат омадаед ва худатон медонед, ки касби илм душвориҳои сангинро бо худ дорад . Аз ин рӯ бисёр мехоҳам, ки дар ин роҳи душвор пайрави Яҳё Абдуллоевич бошед. Мо ҳама ҳис кардем, ки Яҳё Абдуллоевич дар раванди таҳсил ба иззату эҳтироми баланди устодаш мушарраф гаштааст. Ин дӯстии ӯ

дар давоми таҳсили аспирантура ба мо аспирантони солҳои 50-ум низ тавассути кумаку дастгириҳои зиёди академик Терновский суди зиёде расонд.

Профессор Ф. Абдураҳмонов вобаста ба ин боз як ҳодисаи аҷиберо, ки ба олиҳимматию дилсӯзии Яҳё Абдуллоевич алоқамандии бевосита дорад, нақл кард:

-Соли аввали таҳсил дар аспирантура ба номи ҳар кадоми мо аспирантон тавассути почта маблаѓҳои пулӣ расид. Ҳама ҳайрон будем, ки ин пул аз кадом ҳисоб бошад? Баъди чанде Яҳё Абдуллоевич ба аёдатамон омаду ҳамаи 12 нафар аспирантонро барои зиёфат додан ба тарабхонаи «Арачве»-и шаҳри Москва бурд. Маҳз дар ҳамон ҷо «сирри маблаѓҳои почтавиии мо» ошкор гашт. Маълум гашт, ки Я.А.Раҳимов, ки худ азоби таҳсили аспирантиро дар Маскави дур чашида буд, ҳамчун ректори донишгоҳ ба қабули роҳбари вақти ҷумҳурӣ Т.Улҷабоев даромада, ӯро розӣ кунонидааст, ки бо мақсади дастгирии молиявии мо-аспирантон ҳар кадомамон ҳамчун ассистентони кафедра дар ҳаҷми 0, 5 воҳид ба кор пазируфта бо маоши ҳармоҳа таъмин гардонда шавем ва ҳамин тавр мо давоми се соли ѓарибӣ аз ин олиҳимматии ректори донишгоҳ беминнат истифода бурдем, - ба хотир меорад Фозил Абдураҳмонович.

Дарвоқеъ Яҳё Абдуллоевич Раҳимов баъди ҳамагӣ чанд моҳи ҳимояи рисолаи номзадӣ ректори ДДТТ ва ҳамзамон мудири кафедраи анатомияи эътидолии факултаи муолиҷавӣ таъйин гашт. Ӯ, ки аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ аввалин роҳбари донишкада маҳсуб меёфт, барои баланд бардоштани мақому манзалати таълимгоҳи олии тиббӣ дар як муддати кӯтоҳ корҳои зиёдеро анҷом дод. Аввалин коре, ки татбиқи он дар ҳақиқат ҳам номи донишгоҳро дар арсаи беруна маълуму машҳуртар гардонд, ба ДДТТ бо қарори Ҳукумати умумииттифоқ додани номи алломаи машҳури шарқ , падари тибби тоҷик Абӯалӣ ибни Сино буд. Барои ин бошад Яҳё Абдуллоевич чанд муддат ба омӯзиши ҷиддии осори Ибни Сино машѓул гашта, соли 1954 ҳатто дар Конгресси умумиҷаҳонӣ бахшида ба 1000-солагии зодрӯзи ин мутафаккири оламшумул дар шаҳри Теҳрон дар мавзӯи «Осори тиббии Ибни Сино» баромад намуд, ки таваҷҷуҳи аксар иштирокдорони ин ҳамоиши байналмиллалиро ба худ ҷалб намуд. Бо ин олими ҷавон исбот намуд, ки тибби тоҷик аз сарчашмаҳои ҳазорсола об хӯрда, ба эҷодиёти Абӯалӣ ибни Сино ва дигар нобиѓаҳои илми беш аз ҳазорсолаи худ пайвасти ногусастанӣ дорад. Хизмати дигари арзандаи Яҳё Абдуллоевич ин муваффақ гаштани ӯ ба иҷозаи расмии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар донишкадаи тиббии тоҷик буд. Аз соли 1952 сар карда аспирантони ҷумҳурӣ имконият пайдо намуданд, ки рисолаҳои номзадии худро дар шӯрои илмии донишгоҳи азизи худ ҳимоя кунанд. Бо кӯшишҳои Яҳё Абдуллоевич Раҳимов имкониятҳои таълимӣ дар ягона муассисаи таҳсилоти олии тиббии ҷумҳурӣ васеъ гашта, соли 1958 дар донишкада факултаи педиатрӣ ва соли 1959 факултаи такмили ихтисоси табибон таъсис ёфтанд, ки ҳарду иқдом ҳам дар зиёд намудани сафи мутахассисони олидараҷаи тиб ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо нақши калон бозиданд.

Қобилияти баланди ташкилотчигиашро ба назар гирифта, соли 1957 Я.А.Раҳимовро Вазири тандурустии ҷумҳурӣ таъйин намуданд. Устод дар тамоми давраи иҷрои ин вазифаи масъулиятноки давлатӣ худро лаҳзае аз раванди кору таҳсил дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дур нагирифта, барои боз ҳам васеъ намудани имкониятҳои кору таҳсил дар донишкада пайваста заҳмат мекашид. Махсусан, ӯ ба рафти омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳисоби олимони ҷавон диққати доимӣ медод ва ҳар як иқдоми шоистаро дар ин бобат дастгирӣ менамуд. Ҳанӯз соли 1952 дар яке аз ҷаласаҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ Яҳё Абдуллоевич Раҳимов ҳамчун ректори донишгоҳи тиббӣ масъала ба миён гузошта буд, ки барои сифатан беҳтар сохтани сатҳи омодагии касбии хатмкунандаҳои донишгоҳи тиббӣ бояд раванди таҳсил ҳамвора бо забони русӣ , инчунин бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шавад. Дар он шароит чунин таклифро ба миён гузоштан аз кас ҷасорати беандоза ва ҳисси баланди масъулиятшиносиро талаб мекард. Зеро кам набуданд, касоне, ки ба чунин пешниҳодҳои оқилона ҷомаи миллатчигӣ пӯшонда, соҳиби онро ба бадномиву беобрӯӣ баранд. Вале дар он шабу рӯз Яҳё Абдуллоевич аллакай соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ ва обрӯи муайян дар байни нухбагони соҳа гашта буд ва ҳар як таклифу пешниҳоди кардаашро метавонист, ки бо далелҳои муътамад исбот намояд. Ӯ дар ҷаласа иброз дошт, ки аксар толибилмоне, ки аз минтақаҳои дурдаст барои таҳсил ба донишкада меоянд, забони русиро ба хубӣ намедонанд ва рафти машѓулятҳои клиникӣ тавассути тарҷумонҳо сурат мегирад. Донишҷӯи музофотӣ бошад, танҳо баъди се-чор соли таҳсил ба қадри ҳол ба азхудкунии забони русӣ муваффақ мегардад, ки аллакай дар ин муддат барои омӯзиши аксар фанҳои таълимӣ дер мешавад. Дар ҷаласаи вазорат таклифи ректор ба хубӣ пазируфта шуд ва бо дастгирии вазири ҳамонвақта К. Ю. Ахмедов аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ барои тарҷумаи китобҳои дарсӣ гурӯҳи махсуси тарҷумонҳо таъсис дода шуд, ки минбаъд дар ин кори хайр саҳми босазо гузоштанд. Дар давраи вазириаш бошад Я.А.Раҳимов ин кори муҳимро таҳти назорати бевоситаи худ гирифт ва ҳамин муносибати ҷиддӣ буд, аллакай аввали солҳои 60-ум аввалин китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёнги донишгоҳи тиббӣ ба забони тоҷикӣ ба нашр расиданд.

Яҳё Абдуллоевич Раҳимов дар тамоми давраҳои фаъолияти роҳбариаш ба ҳайси ректори донишгоҳ ва баъдтар Вазири тандурустии ҷумҳурӣ лаҳзае худро аз фаъолияти илмӣ дар канор нагирифта, барои рушду инкишофи илми анатомия ва омодасозии кадрҳои соҳибунвони ин соҳа хизматҳои арзандае анҷом додааст. То имрӯз профессор Я.А. Раҳимовро яке аз давомдиҳандагони асосии кори оѓознамудаи лимфологи машҳур, академики АИТ ИҶШС, профессор Д.А.Жданов медонанд, ки дар илми анатомия шӯхрати ҷаҳониро соҳиб гаштааст. Соли 1956 Я.А Раҳимов бо пешниҳоди академик Д.А.Жданов ба омӯзиши маҷрои қафаси синаи ширхӯрҳо шуруъ намуд. Бояд гуфт, ки ҳарчанд дар тӯли солҳо ин масъала аз тарафи олимони гуногун ба таҳқиқ кашида шуда бошад ҳам, вале то оѓози корҳои тадқиқотии Я.А.Раҳимов гуногуншаклии анатомии маҷрои қафаси сина, топография ва шаклҳои омезиши решаҳои он дар бисёр ширхӯрҳо ба таври лозимӣ таҳқиқи худро наёфта буданд. Дар натиҷаи омӯзиши зиёди самтҳои гуногуни ин масъала дар 604 ҷасаде, ки аз 8 қатори ширхӯрҳо гирифта шуда буданд, олими тоҷик маълум сохт, ки дар ҷойгиршави рагҳо ва гиреҳҳои лимфатикӣ ва сутунҳои асосии лимфатикии қисматҳои росту чапи ҳайвоноти ин ё он намуд ва намояндагони намудҳо, оилаҳо ва қаторҳои гуногун фосилаи калон вуҷуд дорад.

Тавассути тадқиқоти анҷомдодаи Яҳё Абдуллоевич Раҳимов на танҳо нақшаи машҳури академик Д.А.Жданов оид ба ҷойгиршавии сутунҳои асосии лимфатикии ширхӯрҳо тасдиқи тозаи худро ёфт, балки баъди пешниҳодҳои илмии олими тоҷик ба ин нақша иловаҳо ворид карда шуданд. Оид ба паҳлӯҳои дигари ҳамин масъала баъдтар устодони кафедраи анатомияи эътидолӣ ки роҳбариашро дар тӯли бештар аз си сол Я.А.Раҳимов ба зимма дошт, Л.Е.Этинген, М.У.Усмонов, Г.Ш.Солиев, Р.А.Маслякова, В.Ш.Белкин, А.Х.Азимов, С.Г.Михеева, М.В.Постников, Х.Б.Ҷумаева, Д.У.Урунбоев, А.Х.Осипова, М.М.Шифрина, А.А.Дорофеева, Ш.Б.Охунова корҳои арзишманди илмӣ ба анҷом расонданд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои анҷомдодашуда динамикаи таѓйиротҳои баъдиҷарроҳии қисматҳои лимфатикӣ ва хунгузарон дар ҷойҳои ҷарроҳикардашуда ба таври дақиқ муайян карда, давоми солҳо аз рӯи таҳқиқи ҳамин проблема ду кори докторӣ ва дувоздаҳ кори номзадӣ ба ҳадди иҷроиш расонда шуд.

Худи Яҳё Абдуллоевич Раҳимов бошад, соли 1967 аз рӯи ҷамъбасти корҳои анҷомдодашуда дар мавзӯи «Анатомияи маҷрои қафаси синаи ширхӯрҳои ҳамроҳакдор» рисолаи докториашро бомуваффақият ҳимоя намуда, баробари ин ҳамон сол ба гирифтани унвони профессорӣ мушарраф гардид.

Профессор Я.А.Раҳимов аллакай ба умқи бисёр масалаҳои нозуки анатомӣ ворид гашта, вобаста ба назардошти дурнамои ин илми ҳозиразамон боз як масъалаи дигар- муайян намудани хусусиятҳои морфологияи узвҳои дарунӣ дар шароити баландкӯҳ ва мутобиқат ба онро ба доираи таҳқиқи васеъ кашида, солҳои зиёде роҳбарии ин тадқиқоти нодири илмиро ба зимма дошт. Омӯзиши проблемаи мазкур вобаста ба шароитҳои ѓайриоддии иқлимӣ ва душвориҳои дастрасии маводҳои илмӣ дар баландиҳои гуногун мушкилоти хоси худро дошт, вале ба ин нигоҳ накарда устодони кафедра таҳти сарварии Яҳё Абдуллоевич Раҳимов давоми солҳои 1966-1981 дар экспедитсияҳои илмие, дар баландкӯҳҳои аѓбаи Анзоб ва Помир дар ҳамкорӣ бо кормандони Лабораторияи тадқиқотҳои тиббӣ-биологии баландкӯҳӣ гузаронида шуданд, фаъолона ширкат варзиданд. Ҷамъбасти тадқиқотҳои анҷомдода дар якчанд китобе, ки Я.А.Раҳимов дар ҳаммуаллифӣ бо дигар кормандони кафедра таҳти унвонҳои «Одам ва кӯҳҳои баланд», «Морфологияи узвҳои дарунӣ ҳангоми баъзе таъсироти манфӣ», «Морфологияи узвҳои дарунӣ дар шароити баландкӯҳ», «Одамон ва кӯҳҳо» таълиф намуда буданд, дар давраҳои гуногун дастраси аҳли илм ва мутахассисони соҳа гардонида шуданд.

Яҳё Абдуллоевич Раҳимов ҳамчун устоди варзидаи якчанд насли табибони ҷумҳурӣ масъалаи ба донишҷӯён ҳарчи беҳтар омӯзонидани дастовардҳои навини илми анатомияро ҳамеша яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти бисёрсолаи педагогии хеш меҳисобид. Маҳз бо ин мақсад дар ҳаммуаллифӣ бо устодони кафедра М.К.Каримов ва Л.Е.Этинген китоби «Очеркҳо оид ба анатомияи функсионалӣ»-ро таълиф намуд, ки он бо равонии ҳусни баён, мушаххасоти мавзӯъҳои дарбаргирифта ва мисолҳои зиёде, ки зимни тадқиқотҳои илмӣ ба даст омада буданд, аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баландро сазовор гашта, якчанд маротиба гаштаю баргашта ба нашр расонда шуд.

Имрӯз беҳуда нест, ки бисёр собиқадорони соҳаи тандурустӣ хизматҳои арзандаи Яҳё Абдуллоевич Раҳимовро дар рушди илми тибби тоҷик, ҷалби ҷавонони минтақаҳои гуногун ба донишкадаи тиббӣ, ба муассисаҳои олии тиббии дигар шаҳрҳои собиқ шӯравӣ фиристодани ҷавонони соҳибистеъдоду илмдӯст ва баракс барои ба кори доимӣ дар муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ ҷалб намудани мутахассисони олидараҷаи дигар ҷумҳуриҳо бо ҳисси баланди эҳтиром ёдовар мешаванд.

- Ҳанӯз дар давраи таҳсилаш дар докторантура Яҳё Абдуллоевич бо олими он вақт ҷавону ояндадори морфолог Лев Ефимович Этинген шинос гашта, тавонист, ки ӯро барои идомаи фаъолияти минбаъда дар ДДТТ розӣ кунонад ва баъдтар бошад олими ҷавонро ҳамроҳи худ ба Тоҷикистон овард. Мутахассисони соҳа хуб медонанд, ки Лев Ефимович давоми солҳои зиёд дар ҳамдастӣ бо Яҳё Абдуллоевич Раҳимов дар Донишгоҳи тиббиамон пурсамар фаъолият намуда, дар рушду инкишофи илми анатомия ва омодасозии мутахассисони ҷавони соҳа саҳми бузурге гузоштааст. Беҳуда нест, ки имрӯз номи Л.Е.Этинген дар қатори беҳтарин донишмандони илми анатомия ёдовар мешавад, - мегӯяд яке аз шогирдони устод, доктори илмҳои тиб, профессор О.Т.Девонаев.

Мактабии илмие, ки профессор Я.А.Раҳимов таъсис дода буду шогирдонаш то имрӯз онро идома медиҳанд, ҳанӯз авали солҳои 70-ум дар сар то сари шӯравӣ шуҳратёр гашта, то имрӯз дастовардҳои беҳамтои олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Синоро дар бахши анатомия ба олимони гӯшаю канорҳои хориҷи кишвар бозгӯӣ мекунад.

Хизматҳои Яҳё Абдуллоевич Раҳимов ҳамчун ташкилотчии моҳири соҳаи тандурустӣ борҳо қадрдонӣ гашта, ӯ бо орденҳои Ленин, «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони Фахрӣ», якчанд медалу ифтихорномаҳо сазовор дониста шудааст. Инчунин, дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино як толори лексионӣ ба номи ин шахси наҷиб гузошта шуда, дар кафедраи анатомияи эътидолӣ, ки номи Я.А.Раҳимовро дорад, осорхонаи ӯ таъсис дода шудааст, ки маводҳои он аз кору пайкори ин олими шуҳратёр, ташкилотчии моҳири соҳаи тандурустӣ ва устоди варзидаи якчанд насли табибони ҷумҳурӣ ҳикоят мекунад.

Оре, кору бори шоистаи инсонҳои нек ба таври абадӣ дар хотираҳо нақши худро мегузораду аз тарафи мардум ба таври ҳаққонӣ қадрдонӣ меёбад.

 

Маҳмадназар Мазиёев-рӯзноманигор


18.09.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php