АЗ МЕРОСИ АБАДӢ ТО ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ: ТОҶИКИСТОН ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНОРО ТАЪСИС ДОД

АЗ МЕРОСИ АБАДӢ ТО ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ: ТОҶИКИСТОН ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНОРО ТАЪСИС ДОД

23 майи соли 2026 дар ҳаёти илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳим ва таърихӣ ба вуқуъ пайваст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонро «Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба имзо расониданд.

Ин иқдоми муҳиму саривақтӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба ҳадафи эътирофу қадршиносии дастовардҳои арзишманди илмӣ ва амалии соҳаи тиб, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва боз ҳам муаррифӣ намудани мероси пурғановати нобиғаи бузурги тоҷик -Абуалӣ ибни Сино равона шудааст.

Таъсиси чунин ҷоизаи байналмилалӣ барои кишвари мо аҳамияти бузурги сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дорад. Тоҷикистон бо ин иқдом мавқеи худро ҳамчун сарзамини таърихии тамаддуни тиббӣ ва ватани яке аз бузургтарин донишмандони башарият боз ҳам устувортар мегардонад.

Номи Абуалӣ ибни Сино барои ҷаҳони тиб танҳо як номи таърихӣ нест. Ӯ аз ҷумлаи он шахсиятҳои нодирест, ки мероси илмии онҳо асрҳо ҳамчун сарчашмаи дониш ва таҷрибаи тиббӣ хизмат намудааст. Осори ӯ, бахусус китоби машҳури ӯ “Ал-Қонун фи-т-тиб” дар тӯли чандин садсола дар донишгоҳҳои Шарқу Ғарб ҳамчун дастури асосии тиб истифода мешавад. Имрӯз низ андешаҳои ӯ дар фалсафа, тиб ва ахлоқи инсонӣ аҳамияти илмии худро нигоҳ доштаанд.

Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ таъсиси ҷоизаҳои байналмилалӣ дар соҳаи тиб анъанаи дерина дорад. Аз ҷумла, Ҷоизаи Нобел дар соҳаи физиология ва тиб аз соли 1901 ҳамчун баландтарин ҷоизаи илмии ҷаҳон эътироф шудааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 1946 Ҷоизаи Ласкер барои кашфиётҳои муҳими тиббӣ тақдим мегардад. Дар Канада аз соли 1957 Ҷоизаи Гайднера (Canada Gairdner International Award) амал менамояд. Дар ҷаҳони ислом низ таҷрибаи арзишманд вуҷуд дорад, аз ҷумла Ҷоизаи Мустафо (Mustafa Prize) аз соли 2015, ки ба олимони барҷастаи кишварҳои исломӣ супорида мешавад.

Дар ҳамин замина, Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дорои хусусиятҳои фарқкунанда ва арзишҳои махсус мебошад. Аввалан, он ба номи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик гузошта шудааст, ки саҳми ӯ ба рушди илми тиб умумибашарӣ мебошад.

Дуюм, мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин ҷоиза дорои мақоми байналмилалӣ мебошад. Ин маънои онро дорад, ки олимон, табибон ва муҳаққиқони варзидаи тамоми кишварҳои ҷаҳон метавонанд барои дарёфти он пешниҳод гарданд.

Сеюм, ҳадафи ҷоиза танҳо қадршиносии дастовардҳои илмӣ нест. Он ҳамзамон барои тарғиби мероси Абуалӣ ибни Сино, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, рушди илми тиб ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин иқдом идомаи мантиқии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии илм, рушди маориф, таҳкими неруи зеҳнӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бешубҳа, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб на танҳо як рӯйдоди муҳими миллӣ, балки қадами муҳими фарҳангиву илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Ин ташаббус метавонад Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое қарор диҳад, ки бо таъсиси ҷоизаҳои байналмилалӣ ба рушди илм саҳми мустақим мегузоранд ва ба пешрафти тамаддуни муосир мусоидат менамоянд.

Мо итминон дорем, ки ин иқдоми наҷиб ба таҳкими мавқеи Тоҷикистони азиз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба рушди илми тиб ва ба муаррифии боз ҳам шоистаи номи абадзиндаи Абуалӣ ибни Сино хизмат хоҳад кард.

 

Ҳусейнзода Зафар Ҳабибулло-муовини ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ


26.05.2026 3

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php