АЗ ИФТИХОРИ СИНО ТО ПАРВАРИШИ СИНОҲОИ НАВ
Дар таърихи 23-юми майи соли 2026 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмиллалии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб қабул гардид. Дар фармон таъкид шудааст, ки фонди ин ҷоиза ва Низомномаи он таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
Ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки дар айвони СММ муҷассамаи чор шахсияти фархундаи миллати тоҷику порс Закарёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём дар зери сақфи нақшу нигораи тамаддуни Ҳахоманишӣ гузошта шудааст.
Ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки дар пешайвони СММ чаҳормисраи Шайх Саъдии Шерозӣ чун беҳтарин ҳикмати маънавиёти башар нигошта шудааст.
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар зумраи нодиртарин дастоварди башар дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ қайд ва зикр гаштаанд.
Ҳамагон бояд огоҳ бошанд, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир маншаи ҷаҳонии қавонини ҳуқуқи байналмиллал дониста шудааст.
Ва ҷойи ифтихор аст, ки ҳар кадом қавму нажоде, ки оддитарин ишора барои дастдарозии азхудкунии ин бузургони миллати порсу тоҷик доранд, талош меварзанд, ки таърихи қавми худро ба ин нобиғаҳои ҷаҳонӣ рабт диҳанд. Аз ин набояд ранҷид, балки ифтихор бояд кард.
Аз он, ки дар Аврупо “Авитсиена” рамзи сиҳат ва кашшофии илми тиб дониста шудааст, аз он ки мафҳумангезон Авитсиенаро бо “медисина” ва медидсинаро ба “мадади Сино” таккони маънӣ медиҳанд, сарбаланд бояд буд.
Барҳақ, Сино нобиға аст. Таърих навишта, ки ӯ муаллифи 450 асар дар 29 риштаи илм аст. Агарчи, мутаассифона то дасти имрӯзи башар танҳо 274-тои он дастрас аст. Сино намояндаи фалсафаи Арасту дар Шарқ аст. Ӯ симои фарзонатарин ва пуртаъсиртарин олими фалсафаи асримиёнагии олами илм аст.
Ӯ шоир аст. Илмро дар нафосати каломи бадеъ баён кардааст. Дар замони мо гоҳо таъни аҳли ҷаҳл бар сари шуарро меборад, ки аз кулчаи шеър коми чӣ касе лаззат ёфта. Ин ҷоҳилакони хирад ғофил аз шеъри саропо фалсафӣ ва илмии Синову Хайёму дигар олимони тамаддунсози худ ҳастанд. Онҳо шеъри волоро ҳатто дарк накунанд. Ҳамин рубоии Сино кифояти ишорати ин баҳси таҳқиромеза аст, ки:
Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
Чаро бештари олимони фарҳехта шоиранд. Чун шеър ин шуур, шоир дарккунандаи нозукӣ ва илм нозукист. Дар зикри феъли Сино ӯро чунин тавсия кардаанд; файласуф, шоир, нуҷумшинос, табиб, мусиқишинос, моддашинос (физик), олими ҳисоб ва риёзӣ, кимиёшинос, ахлоқшинос, фақеҳ, нависанда ва ғайра. Дар миёни ин фазли маърифатӣ дар маркази диққати осори Сино тиб, фалсафа, нуҷум, илми ҳаракат (механика), кимиё, мантиқ, шеър ва илми муҳит истодааст. Китоби “Ал қонун фи-т-тиб”-и ӯ то соли 1650 дар тамоми донишгоҳҳои ҷаҳонӣ тадрис мешуд.
Тавассути фармони Президенти кишвар таъсис додани ҷоизаи ибни Сино дар соҳаи тиб чанд паҳлӯи арзишнок дорад. Рақами аввал ин пос доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллат аст. Шинохти як миллат ба шумораи он нест. Ба он аст, ки ин қавм барои ақвоми умумибашар чӣ нафъе оварда. Дигар он аст, ки таъини як ҷоиза ба номи як олим худ эҳтиром гузоштан ба илм аст. Дар ҷомеае, ки доно қадр шавад, он ҷомеа пешрафт хоҳад дошт.
Шоире ҳакимона гуфтааст, ки:
Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,
Лаънат ба он диёр, ки доно нашуд азиз.
Сари шарҳи ин байт ихтилофҳои назарист, аммо ин ҷо мо дунболи ихтилофоти он нест. Ба ҳамин иқрор хоҳем кард, ки: Лаънат ба он диёр, ки доно нашуд азиз.
Сиҳати башар аз афзалтарин неъматҳои олами моддӣ ва маънавист. Сиҳат ин хушии рӯзгор аст. Ин байтулҳикматро шоир фармуда, ки:
Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст,
Ар ба нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.
Хушии умр рақами аввал дар сиҳат аст, баъдан дар иҷтимоъ ва рӯҳу равон. Аз ин ҷо ривоҷи илми тиб дар ҳар давру замон аз аввалтарин иқддомҳост. Беҳуда нест, ки беҳтарин табибонро ашрофтарини ашрофон ба айвони худ даъват мекунанд, чуноне ҳам, ки Сино ба ин рӯзгор сар хӯрда буд.
Абуалӣ ибни Сино лузуми тибро дар ду майдон макон додааст. Як дар шахсияти табиб ва баъдан дар дониши ӯ. Ӯ нигоштааст, ки табибонро мебояд беморро аввал ба сухан табобат кунад. Агар муяссар нашуд, давот диҳанд. Чун мурод ҳосил нагашт, ханҷар ба даст гиранд. Мурод аз ханҷар ба даст гирифтан, илми ҷарроҳист. Табобат бо сухани шайх Сино аввалтар аз ҳамаст. Зеро илми кунунӣ низ тасдиқ кардан дорад, ки иллати бисёре аз бемориҳои ҷисмонӣ дар рӯҳу равон аст. Беҳуда нест, ки агар бемор худ рӯҳан ба сиҳати худ ва рафъи маризии худ бовар надошта бошад, агар бемор табиби худро мояи шифои худ эътироф надошта бошад, ҳама гуна заҳматҳои табиб барбод хоҳад рафт. Пас ин ҳукми шайх Сино мебояд аввалхати ҳаракати ҳар табиб бошад.
Дар атрофи кунҷковии тиббии Сино ривояту устураҳои зиёдест. Чаро ривоят ва чаро устура. Чун ҳақиқати онро маъхази нигораи таърихнависи ҳақнависе чун Байҳақиву Ҷарири Табарие ёддошт накардааст. Балки маъхаз сарчашмаи бадеъ-ул-баён аст. Чунончи, гуфтаанд ба ташхиси Сино мардуми зиёде дар саҳни ҳавлии ӯ ҷамъ меомад ва шайх аз назди ҳар кадом мегузашту тадовии ӯро мефармуд. Рӯзе аз назди яке аз беморон хомӯш гузашт. Он бемор ба ин натиҷа расид, ки агар Сино дарди ӯро даво нафармуд, пас марг дар пеши қадами навбатии ӯст. Ва чун ба хона рафт, аз хӯрдан даст кашид.
Парастандагони бемор дар назди ӯ косаи ширеро гузоштанду рафтанд, чун пофишориҳо бесуд гашта буд. Ногаҳ аз кунҷи хона мори афъие пайдо шуд ва он косаи ширро фурӯ бурд ва ҳамоно онро қай карду рафт. Бемор гуфт: Аз ин умри навмедона марг афзалтар аст. Қайи морро фурӯ барам ва ҷон ба таслим раваду машаққати нафас фориғ шавад. Чун қайро хӯрд, соат ба соат ба ҷои ранҷу озори дард, ҳолаш сабук шуд ва пас аз чанд рӯзе хешро бедард ёфт. Гуфт, ин Синоро таърифи иғроқ кардаанд. Биравам ва ӯро мазаммат кунам, ки ин манам, касе, ки ту ӯро шафоъати шифо наёфти ва марги ӯро қарин донистиву дар кори ташхисаш оҷиз монди. Чун дар сафи беморон буд, шайх омад ва ҳангоме, ки ба ин мард нигарист, ҳайраташ афзуд ва гуфт: Ту қайи афъиро аз куҷо дарёфт карди? Он мард пеши ҳаким-Сино ба зону зад ва гуфт:
Оре, туро кам тавсиф кардаанд.
Ривояти дигар ин аст, ки гӯянд писари Сино бемории қулинҷ доштаасту шайх дар табобати он оҷиз будааст. Ва писарро ин дард ба коми марг бурдааст. Шайх аз пораи гушти варами беморӣ бо худ гирифтаасту дар халате, ки дар он чоқуи бараш будааст, гирифтааст. Ва рӯзе барои чидани пӯдина (ҳулбӯ, ҳулба, наъно) ба пӯдиназоре рафтаву он халтаҳамёнро он ҷо афтонидааст. Баъдан, чун огаҳ шудааст, ба он пӯдиназор рафтаву халтаҳамёнро ёфтааст, ки дар халта чоқу истодаву гӯшти варамидаи қулинҷ об шудааст. Ва шайх бо таассуф гуфта: Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем. Албатта, шояд ин асотирҳои халқ бошад, ки аз эътимоду иззату меҳр ба номи ин аълома бофта бошанд.
Табиист, ки замони мо замони Сино нест. Шарту шароити илми тибби имрӯза шарту шароити замони Синои ҳаким нест. Аммо ҳар давр паҳлӯҳои мураккабияти худро дорад. Замони Сино замони покии муҳити нафас, покии ғизо, бо мураккабияти камии донишҳо ва таҷрибаҳо будааст.
Ин рӯз замони муҳити заҳрогин, ғизои бо заҳрҳо омехта ва бемориҳои ғайримаъмули ғайритаҷрибавист. Аммо ин замон адабиёти фаровон, таҷрибаҳои андӯхтаи башар аз оғоз то ҳол, технологияҳои нав ба нави тиббист. Бемориҳо ҳам ҷома табдил мекунанд. Хоҳ сироятӣ бошанду хоҳ ғайрисироатӣ. Яъне ҳар замон мушкилоти худро дорад, низ илми тиб.
Авҷ гирифтани бемориҳои фишори хун, сактаҳои қалбӣ дар натиҷаи плокатҳо (трамбоз)-ҳои гуногун, авҷи саратон, омосҳои гӯштиву пӯстӣ, ҷароҳатҳои меъдаву рӯда, афзоиши бемориҳои рӯҳӣ ва равонӣ тақозои онро дорад, ки табибон касби табибро фақат шуғл надониста, онро чун илм, дониш ва таҷриба муносибат намоянд.
Ва, ногузир аст, ки мақомоти идоракунии давлатии тиб дар кори шинохти табибон даст аз гурӯҳбозиву даврабозӣ дар канор дошта, майдони назар ва амалро барои табибоне васеъ доранд, ки онҳо чашму дил ва дониши Синоӣ дошта бошанд.
Он ки дар миёни мардум андешаҳои ғализе нумуъ кардан дорад, ки тиб ҳам як навъи тиҷорат шудааст, ногуфтаҳои бисёреро барои соҳибтафаккур гуфтан дорад.
Солҳои нооромиҳои кишвар мо ду табиби фархунда-Минҷоҷ Ғуломов-равонпизишки сатҳи ҷаҳонӣ ва Юсуф Исҳоқӣ-ҷарроҳи фавқуллодаро қурбони ҷаҳолати худ қарор додем. Ин талхтарин ва манҳустарин фоҷиа барои як қавму миллат аст. Ҳоло ҳамаи мо ба номи Сино мефахрем. Аммо кори мо бо номи Синоҳову Закарёҳову Хайёмҳову Беруниҳоямон тамом нест. Илми замон Синоҳои нав мехоҳад. Берунии нав мехоҳад. Закарёи нав мехоҳад. Хайёми нав мехоҳад. Чун он чи эшон дар замони худ фаттоҳӣ дар илм карданд, акнун он донишҳо алифбои илми вақт шуданд. Қуллаҳои навро бояд фатҳ намуд, то баъд аз даҳсолаҳои дигар дар тангнои ёддошти тамаддун хотирае барои фахр дошта бошем. То фарҳанги қавму миллати худро бо шаъну шони ин нобиғаҳои доиратулмаъорифи худ ном бурда тавонем.
Барои пос доштани амалкардҳои масъулиятшиноснаи Президенти кишвар масъул ҳастем, ки носипос набошем. Сари риштаро Раиси Ҷумҳури миллат ба миллат ёфту дод, риштани калобаи фахр ба ҳар кадом фарди ҷодаи сиёсат, илм, дониш, фазлу маърифат вобаста аст.
Ташаббуси таъсиси ҷоизаи Абуалӣ ибни Синои Луқмони ҳакими худро ташаббусгар бояд бошем. Ин ҷоизаро барои табибоне лоиқ донем, ки ифтихори Закарёи Розиву Синои табибамонро барои замони нав, илми муосир фахрсоз бошанд. Чунон амал намоем, ки сафҳаи таърихи рӯзгори мо барои наслҳои пасин сафҳаи нанг ва сархамӣ набошад.
Шарипов А.М.-мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдакон