АЗ ДОМАНИ КӮҲҲО ТО РАМЗИ ДАВЛАТ: ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ

АЗ ДОМАНИ КӮҲҲО ТО РАМЗИ ДАВЛАТ: ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ

21 октябри соли 2026 барои Тоҷикистон рӯзи таърихӣ гардид,, ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯшро расман гулҳои миллии давлат эълон карданд. Бо ин қарор ду гули зебои сарзамини мо мақоми расмии рамзи миллиро касб намуда, дар қатори дигар нишонаҳои давлатӣ ҷой гирифтанд. Ин иқдом як бахши таваҷҷуҳи давлат ба ҳифзи табиат ва рамзҳои фарҳангии кишвар мебошад. Бисёр кишварҳои ҷаҳон гулҳои миллии худро доранд ва акнун Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат ҳамроҳ шуд.

Лола дар Тоҷикистон на танҳо гули баҳор, балки рамзи зиндагӣ ва нерӯи табиати кишвар аст. Ҳар баҳор доманакӯҳҳо бо лолаҳои сурх меафрӯзанд ва ин манзара тавоноиву зебоии табиати Тоҷикистонро ба намоиш мегузорад. Дар адабиёти форсу тоҷик низ лола ҳамеша ҷойгоҳи баланд доштааст. Дар шеъру таронаҳои халқӣ лола тимсоли ҷавониву тароват дониста мешавад. Лолаҳои Тоҷикистон бо ранги сурхи дурахшон ва гуногунии навъҳои худ машҳуранд.

Сиёҳгӯш яке аз гулҳои нодиру камёфти Тоҷикистон аст ва маҳз ҳамин нодирӣ онро махсусан арзишманд мегардонад. Эълони он ҳамчун гули миллӣ масъулияти ҳифзи ин сарвати табииро ба дӯши ҳар яки мо мегузорад. Ин гул дар баъзе минтақаҳои кӯҳистони кишвар мерӯяд ва дидани он дар табиат кам даст медиҳад. Маҳз барои ҳамин ҳифзи ин гул дар доираи барномаҳои давлатии ҳифзи муҳити зист аҳамияти махсус дорад.

Ин қарор нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба табиат ва рамзҳои миллии худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз ин пас лола ва сиёҳгӯш дар ҷашнҳои миллӣ, санъат ва зиндагии ҳаррӯзаи мардум ҳамчун рамзҳои боифтихори миллӣ ҳузур хоҳанд дошт. Муаррифии ин гулҳо ба наврасон ва ҷавонон барои тарбияи эҳтиром ба табиат кӯмак хоҳад кард.

Гул дар фарҳанги мардуми тоҷик аз замонҳои қадим ҷойгоҳи арзанда дорад. Дар айёми Наврӯз ва ҷашнҳои баҳорӣ мардум бо гулчинӣ ва ороиши хонаву ҳавлӣ истиқболи фасли навро ҷашн мегиранд. Расму ойини «Сайри гули лола» яке аз анъанаҳои зебои халқист, ки дар он мардум ба доманакӯҳҳо баромада, аз шукуфтани лолаҳо баҳра мебаранд. Ҳамин муҳаббат ба гул ва табиат имрӯз дар шакли эълони гулҳои миллӣ таҷассуми расмии худро ёфт.

Эълони гулҳои миллӣ на танҳо ифтихор, балки масъулият низ ба бор меорад. Лола ва сиёҳгӯш ба нигоҳубин ва ҳифз ниёз доранд, зеро чидани беандоза ва вайрон кардани макони рӯиши онҳо метавонад ба камшавии ин гулҳо оварда расонад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар шаҳрванд дар ҳифзи ин сарвати табиӣ саҳми худро гузорад. Мактабҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ низ метавонанд тавассути чорабиниҳои маърифатӣ дар ин самт нақши муассир дошта бошанд.

Ҳамин тариқ, интихоби лола ва сиёҳгӯш ҳамчун гулҳои миллӣ пайванди мардуми Тоҷикистонро бо табиати зодбуми худ боз ҳам мустаҳкамтар мекунад. Ин ду гул минбаъд дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҷойгоҳи хос хоҳанд дошт.

Зуҳурова П.М.-омузгори калони кафедраи физиологияи нормалӣ


22.10.2026 1

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php